Ҳаводиси шабонарӯзи гузаштаи кишвар (ВИДЕО)
Чоп шуд: 08/08/2023 | redaktor![](https://www.khf.tj/sites/default/files//styles/232_155/public/field/image/img-20230807-wa0015.jpg?itok=VC_K8Hi8)
Шуъбаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Айнӣ аз як сел дар деҳаи Мадми ҷамоати деҳоти Урметани ноҳия хабар дод, ки рӯзи 6-уми августи соли равон наздик ба соати 23:50 дақиқа бар асари боронҳои пуршиддат омадааст. Дар натиҷа лойю лойоба ба 4 хонаи истиқоматӣ, 4 хоҷагии ёрирасон, 300 метр роҳи деҳа, зироатҳои кишоварзӣ қисман зарар расондааст.