Дар Суғд ҷаласаи вилоятии Комиссияи ҳолатҳои фавқулода баргузор гардид

Охири ҳафтаи гузашта дар Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд таҳти раёсати муовини раиси вилоят Даврон Зоҳидзода ҷаласаи Комиссияи минтақавии ҳолатҳои фавқулодда баргузор шуд.

Дар ҷаласа масъалаҳои марбут ба огоҳонидани шаҳрвандоне, ки дар маҳалҳои осебпазир зиндагӣ мекунанд, сафарбар намудани қувва ва воситаҳои комиссияи ҳолатҳои фавқулодда, гузаронидани чорабиниҳои пешгирикунанда, ташкили захираҳо дар ҳолатҳои фавқулодда, гузаронидани корҳои соҳилбандӣ дар ҳудуди шаҳрҳо ва ноҳияҳои вилоят, ҳамчунин ташкили навбатдории шабонарӯзӣ дар ин минтақаҳо мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Дар поёни нишаст хабар дода шуд, ки дар назди Раёсати КҲФ дар вилоят Ситоди вилоятӣ ташкил шуд.

Дар робита ба ин, таъкид гардид, ки аъзои Комиссияро зарур аст, ки дар асоси талаботи Комиссияи вилоятии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд оид ба ҳолатҳои фавқулодда фаъолият намуда, ҷиҳати пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулода сари вақт тадбирҳо андешанд.