1 МАРТ - РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ МУДОФИАИ ГРАЖДАНӢ

Таърихи Ташкилоти Байналмилалии Мудофиаи Гражданӣ (ТБМГ- МОГО, ICDO) аз соли 1931 бо ташаббуси генерали хадамоти тиббии фаронсавӣ Жорж Сен-Пол ва якчанд давлатҳо, дар Париж Ассотсиатсияи "Минтақаҳои Женева" -ро таъсис дода мешавад, ки то дар тамоми кишварҳо бо роҳи дуҷониба ва бисёрҷониба минтақаҳои амниятии маҳаллӣ таъсис дода шавад.

Жорж Сен-Поль 1870-1937 гг.

Баъдан, Ассотсиатсияи мазкур ба Ташкилоти Байналмилалии Мудофиаи Гражданӣ табдил ёфта, соли 1966 ҳамчун мақоми ташкилоти байниҳукуматӣ дар соҳаи мудофиаи гражданӣ ва ҳифзи аҳолӣ сатҳи байналмилалиро тахассус менамояд.

Ҳадафи асосии ташкили Минтақаҳои Женева аз он иборат буд, ки дар ҳама кишварҳо минтақаҳои ба таври доимӣ бехатар муайян карда шуда, дар замони осоишта бо созишномаҳои дуҷониба ё бисёрҷониба эътироф карда шаванд. Соли 1935 бо ташаббуси Ассотсиацияи минтақаҳои Женева парламенти Франция резолюцияеро якдилона маъқул донист, ки дар он аз Лигаи Миллатҳо таклиф пеш овард, ки дар ҳар як мамлакат тибқи созишномаҳои тасдиқкардаи Лигаи Миллатхо ҷойҳо ва минтакаҳое, ки аз амалиёти ҷанг муҳофизат карда мешуданд, ба мақсадҳои харбӣ истифода бурда нашаванд.

Соли 1937, Ассотсиатсия аз Париж ба Женева интиқол дода шуда, ба Ассотсиатсияи Байналмилалии ҳифзи шаҳрвандон ва биноҳои таърихӣ дар замони ҷанг табдил ёфт. Дӯст ва ҳамсафари генерал Генри Ҷорҷ ба Ассотсиатсия сарварӣ карда, котиби генералии он шуд. Маҳз бо ташаббуси Ҳенри Ҷорҷ Ассотсиатсия тавонист дар давраи ҷанги шаҳрвандии Испания (1936 Мадрид ва Бильбао) ва дар замони муноқишаи байни Ҷопон ва Чин (1937 Шанхай ва Нанкин) барои категорияҳои муайяни аҳолӣ минтақаҳои бетараф таъсис диҳад. Гарчанде ки ин таҷриба нисбатан хурд буд, он воқеияти мавҷудияти минтақаҳои амн барои шаҳрвандонро нишон дод.

Ассотсиатсияи Байналмилалии Минтақаҳои Женева дар тӯли бист сол аз таъсиси худ кӯшиш кард, ки идеяи омода кардан ва дар шароити осоишта барои гурезаҳо - "минтақаҳои бехатар" -ро амалӣ созад, ки аз ҷониби ҳамаи тарафҳо дар доираи Қонуни башардӯстона - Конвенсияи Женева аз 12 августи соли 1949 эътироф карда шаванд.

Котиботи минтақаҳои Женева аз ҳимояе, ки Конвенсияҳои Женева пешбинӣ кардааст, истифода бурда, ба таҳқиқ ва омода кардани минтақаҳои эҳтимолии бехатар оғоз кард.

Якҷоя бо ҳукуматҳои кишварҳои мухталифи Аврупо нақшаҳои ба минтақаҳои амн эвакуатсия кардани аҳолӣ тартиб дода шуданд. Мубодилаи афкор ва таҷрибаи банақшагирии фоиданок зарур буд. Дар соли 1954 дар Берлин конференсияи байналмиллалӣ оид ба ҳифзи аҳолии осоишта дар замони ҷанг тавассути таъсис ва эътирофи минтақаҳои бетараф ва шаҳрҳои кушод баргузор гардид.

Дар таърихи Ташкилоти Байналмилалии Мудофиаи Гражданӣ (ICDO) ин конфронс бо номи «Аввалин Конфронси умумиҷаҳонии мудофиаи гражданӣ» маъруф аст. Пас аз қарорҳои конфронси Берлин, Ассотсиатсия кӯшиш кард, ки дар байни кишварҳо принсипи барвақт омода кардани минтақаҳоро барои гурезаҳо паҳн намояд.

Моҳи июли соли 1956 «Бюллетени минтақаҳои Женева» таҳти сарлавҳаи «МУДФАИ ГРАЖДАНӢ» аз чоп баромад. Дар мақолаи мазкур чунин гуфта мешавад: «Фаъолияти ташкилоти минтақаи Женева дар соҳаи муҳофизати кӯдакон, занон, пиронсолон ва маъюбон дар сурати ҷанг, бо вазифаҳои инкишофи мақомоти миллии мудофиаи гражданӣ дар мамлакатҳои гуногун мувофиқат менамояд. Мо таҳияи ғояи эвакуатсияи ғайринизомиёнро ба ҷойҳои амн бо номи "Минтақаҳои Женева" ва таҳияи нақшаҳои ин минтақаҳоро ҷиҳати васеъ кардани тадбирҳои мудофиаи гражданӣ дар сатҳи байналмилалӣ идома медиҳем. Яъне - Мо сохтори ҳамоҳангсози ташкилотҳои гуногуни миллии мудофиаи гражданӣ мебошем».

Соли 1966 дар конфронси байналхалқӣ оид ба ҳифзи радиатсионӣ матни Оинномаи "Минтақаҳои Женева" эълон ва тасдиқ карда шуд, ки он ба Ташкилот имкон дод, ки Таҳкилот мақоми созмони байниҳукуматро гирад. Ин Оиннома воқеан ба як конвенсияи байналмилалӣ табдил ёфтааст, ки ба кишварҳо ҳуқуқи узви Ташкилот шуданро тавассути фиристодани ҳуҷҷатҳо дар бораи қабули Оиннома медиҳад.

Тибқи талаботи Оинномаи мазкур Ташкилот як қатор вазифаҳоро аз қабили дар сатҳи байналхалқӣ таъмин намудани бехатарии аҳолӣ ва моликиятро аз ҳамаи намудҳои офатҳо таъмин намояд. Аз ин вақт Ташкилот ба муттаҳид кардани ташкилотҳои миллӣ, ки бо масъалаҳои мудофиаи гражданӣ машғуланд, оғоз кард. Бояд гуфт, ки Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид дар қарори худ № 2034 аз соли 1965 “Ҳукуматҳоро даъват кардааст, ки мақомоти дахлдори банақшагирӣ ва иҷроияро таъсис диҳанд, ки онҳо қобир бошанд, ки шароити маҳаллиро ба инобат гирифта, ҳаҷм ва хусусияти кӯмаки заруриро муайян ва амалиёти наҷотро идора намоянд.»

Оинномаи мазкур 1 марти соли 1972 бо қарори Ассамблеяи якуми генералии мамлакатҳои аъзои ташкилот эътибор пайдо кард. Соли 1975 ин Оиннома дар Котиботи Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк ба қайд гирифта шуда, дар Маҷмӯаи Созишномаҳои СММ нашр шудааст. 10 марти соли 1976 созишномаи байни ТБМГ ва ҳукумати Швейтсария дар бораи додани мақоми ҳуқуқии ТБМГ ҳамчун ташкилоти байналмиллалӣ дар Швейтсария ба имзо расид.

Дар асоси Оинномаи СММ аз 19 феврали соли 2002 ва котиботи СММ Конвенсия оид ба кӯмак дар соҳаи мудофиаи гражданӣ таҳти №38131 ба қайд гирифта шудааст.

  

Ташкилоти Байналмилалии Мудофиаи Гражданӣ бо истифода аз заминаи ҳуқуқӣ, мақоми ҳуқуқи байналмилалӣ ва башардӯстона, роҳбарияти мақомоти ташкилоти мазкур сиёсати пешбурди дониш ва воситаҳоро оид ба масъалаҳои пешгирӣ, омодагӣ ва амал ҳангоми офатҳои табиӣ пеш гирифта ва идома дода истодаанд.

Қабул ба узвияти Ташкилоти Байналмилалии Мудофиаи Гражданӣ барои ҳама давлатҳо боз аст.

Айни замон аъзои Ташкилот инҳоянд:

  • 59 кишвари узви Ташкилоти Байналмилалии Мудофиаи Гражданӣ;
  • 17 давлати нозири Ташкилоти Байналмилалии Мудофиаи Гражданӣ.

Кори Ташкилоти Байналмилалии Мудофиаи Гражданӣ аз ҷониби Ассамблеяи Генералӣ, Шӯрои иҷроия ва Котибот ташкил карда мешавад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 ноябри соли 2016 узви Созмони байналмилалии мудофиаи гражданӣ мебошад.

Сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро оид ба соҳаи мудофиаи гражданӣ дар ҷумҳурӣ - Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании  назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамояд.

Кумита дар доираи ваколатҳои худ ҳамкории судмандро бо Ташкилоти Байналмилалии Мудофиаи Гражданӣ (16.02.2016) идома дода истодааст. Чунончӣ, бо дастгирии Ташкилоти мазкур дар Маркази миллии омодасозии наҷотдиҳандагони Кумита воқеъ дар мавзеи Қаратоғи ноҳияи Шаҳринав як қатор иншоотҳои варзиширо ҷиҳати омода намудани наҷотдиҳандагони Кумита сохта ба истифода дода шуданд.

Вобаста ба омодасозии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба чорабиниҳои мудофиаи гражданӣ, қайд намудан зарур аст, танҳо дар давоми соли 2023 дар ҳудуди ҷумҳурӣ 441 машқҳои мудофиаи гражданӣ гузаронида шуданд, ки дар ташкил ва гузаронидани онҳо 62610 нафар ҳайати роҳбарикунанда, фармондеҳон, сардорон, нерӯҳои ғайриҳарбии мудофиаи гражданӣ ва аҳолӣ  ҷалб карда  шуданд.

Тибқи барномаҳои омӯзишӣ оид ба ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар ҷумҳурӣ, беш аз 1 млн. 480 ҳазор нафар ба омӯзиши соҳаи мудофиаи гражданӣ фаро гирифта шуданд.

барчасп: