Ҳушдор аз боронҳои рӯзҳои оянда
Чоп шуд: 28/03/2024 | redaktor![](https://www.khf.tj/sites/default/files//styles/232_155/public/field/image/risks_ahead.jpg?itok=1z2uP6PY)
Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истинод ба Агентии обуҳавошиносии кишвар ба маълумоти шаҳрвандон ва меҳмонон мерасонад, ки рӯзҳои 29-30 марти соли 2024 дар як қатор ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва вилояти Хатлон борони шадид меборад. Дар водиҳо ва доманакӯҳҳои ҷумҳурӣ ҳарорати ҳаво рӯзона то 8-10 дараҷа паст мешавад.