Ҳушдори КҲФ аз омадани селҳо дар минтақаҳои ҷудогонаи кишвар. ЭҲТИЁТ КУНЕД!

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷӯҳи шаҳрвандон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки тибқи маълумоти Агентии обуҳавошиносии Ҷумҳурии Тоҷикистон, рӯзҳои 12-13 апрели соли 2024 дар як катор ноҳияхои кӯҳии ҷумҳурӣ ва навоҳии ғарбии ВМКБ омадани селҳо эҳтимол дорад.

 Ғайр аз ин бар асари ҳавои номусоид сатҳи об дар рӯдхонаҳои кӯҳӣ ва наздикӯҳӣ баланд мешавад. Сангрезиш ва лағжиши тарма дар роҳҳои кӯҳӣ аз эҳтимол дур нест.

Дар ҳамин иртибот Кумита як бори дигар аз сокинон хоҳиш мекунад дар ин рӯзҳо аз сафарҳои безарурат ба минтақаҳое, ки эҳтимоли лағжиши тарма ва регу санг доранд, худдорӣ намоянд. Рафтан ба доманакӯӯҳо барои ғунучини гиёҳҳои доруворӣ, ҳезум, ба шикоргоҳҳо барои шикор ва соҳили обҳо барои моҳидориӣ маслиҳат нест.

 Сокинон бояд каналу ҷӯёборҳо ва селроҳаҳои назди манзили зисти худро сари вақт тоза кунанд.

КҲФ ба ронандагон ва дӯстдорони кӯҳгардӣ ёдовар мешавад, ки ҳангоми ҳаракат дар роҳҳои кӯҳӣ қоидаҳои бехатариро ҷиддан риоя кунанд.

барчасп: