Нишасте дар муассисаи давлатии “Роҳи оҳани Тоҷикистон”

31 – уми октябри соли ҷорӣ барои он зумра кормандони Муассисаи давлатии “Роҳи оҳани Тоҷикистон”, ки масъули масоили  ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ мебошанд, семинар баргузор шуд, ки аз ҷониби Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил шуда буд.

Дар семинар кормандони Кумита, сардори шуъбаи хадамоти амнияти қаторҳо Б.Аҳмадов, ҳамчунин дигар роҳбарони раёсатҳо ва шуъбаҳои муассиса иштирок карданд. 

Ширкаткунандагон фаъолияти “Роҳи оҳани Тоҷикистон”-ро дар самти мудофиаи гражданӣ ва пешгирии ҳолатҳои фавқулодда  таҳлил карданд ва самтҳои аввалиндараҷаи корҳои минбаъда ва вазифаҳои асосӣ дар ояндаро муайян намуданд. 

Дар нишаст масъалаи рафти иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи сохтор ва тартиби амали системаи ягонаи давлатии ҶТ оид ба пешгирӣ ва бартарафсозии ҳолатҳои фавқулодда” алоҳида мавриди барарсӣ қарор гирифт. 

Қайд карда шуд, ки рушди мудофиаи гражданӣ ва баланд бардоштани сатҳи дониши кормандон дар ин соҳа ҳамоно масъалаи аввалиндараҷа боқӣ мемонад. 

Дар поёни семинар кормандони КҲФ ба Муассисаи давлатии “Роҳи оҳани Тоҷикистон” барои корҳои анҷомдодаашон дар таҳкими мудофиаи гражданӣ изҳори ташаккур карданд ва ба зарурияти боз ҳам фаъолтар кардани ҳамкориҳо дар ин самт таъкид намуданд.