Дуюмин ҷаласаи муштараки мушовираи Тоҷикистони Қирғизистон оид ба ҳолатҳои фавқулодда оғоз ба кор кард

Дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд дуюмин ҷаласаи муштараки мушовараи  Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Ҷумҳурии Қирғизистон оғоз ба кор кард.

Дар кори ҷаласа ҳайати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва Вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Ҷумҳурии Қирғизистон  ҳамчунин роҳбарони намояндагиҳои як қатор созмонҳои байналмилалӣ, ки дар самти коҳиши хатари офатҳои табиӣ фаъолият мекунанд, ширкат доранд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қирғизистон чун ду кишвари ҳаммарз ва дорои иқлими ягона аз қадир дар самти ҳолатҳои фавқулодда, пешгирӣ ва коҳиши хатар аз офатҳои табиӣ ҳамкорӣ доранд.

Ҷумҳурии Қирғизистон низ чун Тоҷикистон дар минтақаи осебпазири офатҳои табиӣ ҷойгир шудааст. Ҳамасола бар асари офоти табиӣ ва техногении гуногун ин кишвар миллионҳо сом зарар мебинад. Ҳолатҳое ҳам зиёданд, ки бар асари обхезиву ярч, лағзиши тарма ва селҳои харобиовар одамон ба ҳалокат мерасанд, хонаҳои истиқоматӣ, майдонҳои кишти зироат хароб мешаванд.

Ахиран мақомоти расмии Қирғизистон ҳаҷми зарари расида аз ҳолатҳои фавқулоддаи табиӣ ва техногениро  зарфи нуҳ моҳи соли ҷорӣ 896 миллиону 844 ҳазор сом эълон карда буданд.

Ҷонишини вазири ҳолатҳои фавқулоддаи ин кишвар Калис Аҳмадов  гуфта буд, ки зарфи нуҳ моҳи соли равон дар Қирғизистон 318 ҳолати фавқулоддаи табиӣ ва техногенӣ ба қайд гирифта шудааст ва зарари расида аз он 896 миллиону 844 ҳазор сомро ташкил дод. 

Соҳибмансаби ҳукумати Қирғизистон ҳамчунин хабар дода буд, ки соли 2016 офатҳои табиӣ ба мамлакат 943 миллиону 525 ҳазор сом зарар овард ва ин 4,7 дарсад бештар аз нуҳ моҳи соли ҷорӣ мебошад. 

Бино ба иттилои ҳамин манбаъ аз моҳи январ то сентябри соли равон дар Қирғизистон 104 ҳодисаи лағзиши тарма, 67 ярч, 46 сел ба қайд гирифта шуда, 12 маврид бодҳои харобиаовар ба мамлакат зарар расонидаанд. 

Муаррифии мо:

Вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Қирғизистон таърихи ҳудудан бистсола дорад. Замоне дар бораи таъсиси сохторе вобаста ба ҳолаҳои фавқулодда тасмим гирифта шуд, ки Шӯрои Вазирони Иттиҳоди Шӯравӣ (15 декабри соли 1990) “Дар бораи таъсиси системаи умумииттифоқии пешгирӣ ва амал дар ҳолатҳои фавқулодда” қарор қабул кард. 

1-уми июли соли 1991 барои тақвияти ҳамин қарор Шӯрои Вазаирони Ҷумҳурии Сотсиалистии Қирғизистон  дар бораи таъсиси мақоми доимӣ дар назди кобинаи вазирон оид ба ҳолатҳои фавқулодда қарор кард. Ва 8 август Комиссияи кобинаи вазирон оид ба ҳолатҳои фавқулодда таъсис гардид.

6-уми январи соли 1992 ин Комиссия  ба Комиссияи Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба ҳолатҳои фавқулодда табдили ном кард.

27 – уми майи соли 1993 бо фармони Президенти Қирғизистон ба ҳайати Комиссияи номбурда Раёсати мудофиаи гражданӣ ҳамроҳ карда шуда, он номи Комиссияи давлатии Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданиро гирифт. 

4 – уми марти соли 1996 Комиссияи давлатии Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ ба Вазорати ҳолатҳои фавқулодда в амудофиаи гражданӣ табдил дода шуд. 

28 – уми декабри соли 2000 бо Фармони Президенти Қирғизистон дар базаи Вазорати ҳифзи муҳити атроф, Вазорати ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ, Қирғизгидромет ва Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Қирғизистон  Вазорати экология ва ҳолатҳои фавқулоддаи Ҷумҳурии Қирғизистон таъсис гардид. 

15-уми октябри соли 2005  ин вазорати номи Вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Ҷумҳурии Қирғизистонро гирифт.

Дар айни замон генерал-майор Боронов Қубатбек Айилчиевич Вазири ҳолатҳои фавқулоддаи Ҷумҳурии Қирғизистон мебошад.