Тоҷикистон ва Қирғизистон ҳамкориҳои худро дар коҳиши хатари офатҳо таҳким мебахшанд

Тоҷикистон ва Қирғизистон боз як саҳифаи ҳамкориҳои дуҷониба дар самти ҳолатҳои фавқулоддаро бо роҳандозии як ҳамоиши муштарак варақ заданд.  Ду ҷониб бар ин назаранд, ки ниёз ба муколамаи ҳамешагӣ миёни ниҳодҳои дахлдори ду кишвар ҳаст ва ин муколамаҳо ба беҳбуди равобиту ҳамкориҳои дуҷониба дар коҳиши хатари офатҳои табиӣ ва техногенӣ дар ноҳияҳои наздисарҳадии ду кишвар мусоидат мекунанд.

Таҳлили вазъи фавқулодда дар ҷумҳуриҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон нишон медиҳад, ки дар қаламрави ин ду кишвар амалан ҳама навъҳои офатҳои табиӣ, аз ҷумла заминларза, ярч, лағзиши тарма, омадани сел, обхезӣ рух медиҳанд ва ин ҳама ба коҳиши рушди иқтисодӣ сабаб мешаванд. Ин ду ҳамсоякишвар на танҳо иқлими ягона доранд, балки аз нигоҳи ҷойгиршавиву мавқеъи ҷуғрофӣ ҳамсонанд. Ҳарду мамлакат бештар сарзаминҳои куҳистонианд ва вуқуъи ҳар гуна офати табиӣ ва технигенӣ бешубҳа сабаби зарарҳои зиёд мешавад. 

Бо назардошти ин ва бо мақсади татбиқи минбаъдаи Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳамкориҳо дар самти мудофиаи гражданӣ, пешгирӣ ва бартарафсозии ҳолатҳои фавқулодда, ки соли 2013 имзо шудааст, рӯзи 10-уми ноябри соли равон дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд дуюмин ҷаласаи коллегияи муштараки Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Ҷумҳурии Қирғизистон баргузор шуд. 

Дар кори ҷаласа ҳайати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Раиси Кумита генерал-лейтенант Рустам Назарзода ва ҳайати Вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Ҷумҳурии Қирғизистон бо сарварии Вазир генерал-майор Кубатбек Боронов, ҳамчунин роҳбарони намояндагиҳои як қатор созмонҳои байналмилалӣ, ки дар самти коҳиши хатари офатҳои табиӣ фаъолият мекунанд, ширкат карданд.

 Дар ҷараёни ҷаласа масъалаҳои зиёди ҳамкориҳои дуҷониба дар самти коҳиши хатари офатҳои табиӣ барарсӣ шуданд. Маърӯзаҳо шунида шуданд, ду ҷониб корҳои анҷомдодаи худро зарфи ду соли охир муаррифӣ карданд, камбудиҳоро ошкор сохтанд ва барои беҳбудии кор ва ҳамоҳангсозиҳои муштарак пешниҳодҳо карданд. 

Аз ҷумла, ду ҷониб қайд карданд, ки барои такмили ҳамкориҳо имкониятҳои истифоданашуда зиёданд. Ҳамоҳангиҳои ҳамкориҳои дуҷониба ҳангоми ҳолатҳои фавқулодда нокифояанд, масъалаҳои табодули маълумот, роҳандозии тамринҳои якҷоя бояд мавриди тарҳрезиҳои дақиқ қарор гиранд.  Мавриди ёдоварист, ки аз замони имзои Созишномаи байнидавлатӣ 4 тамрини муштарак гузаронида шудааст. 

Ду ҷониб бар ин назаранд, ки ниёз ба муколамаи ҳамешагӣ миёни ниҳодҳои дахлдори ду кишвар ҳаст ва ин муколамаҳо ба беҳбуди равобиту ҳамкориҳои дуҷониба дар коҳиши хатари офатҳои табиӣ ва техногенӣ дар ноҳияҳои наздисарҳадии ду кишвар мусоидат мекунанд. 

Аз рӯйи ҷамъбасти кори мушовараи муштарак Протокол имзо шуд, ки дар он ҷонибҳо масъалаҳо дар мавриди идомаи ҳамкориҳои наздисарҳадӣ дар самти пешгирӣ ва бартарафсозии ҳолатҳои фавқулодда иброз доштанд. Ҷонибҳои изҳор доштанд, ки ҳамкориҳои наздисарҳадиро дар самти пешгирӣ ва бартарафсозии ҳолатҳои фавқулодда, роҳандозии тамринҳои муштарак идома медиҳанд. Табодули ахбор миёни ду ниҳод на танҳо дар ноҳияҳои наздимарзии вилояти Суғди Тоҷикистон ва вилояти Боткенти Қирғизистон, балки миёни воҳидҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар ноҳияи Лахш ва ноҳияҳои наздисарҳадии ВМКБ бо воҳидҳои ҳамсони Вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Қирғизистонро тақвият медиҳанд.   

Дар доираи ин ҳамоиш ҳамчунин Ёддошти тафоҳуми ҳамкориҳо миёни Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии ҳамкориҳои техникӣ ва рушд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (ACTED) имзо шуд, ки он имкон хоҳад дод механизмҳои мусоидат ва ҳамкориҳои Кумита ва ACTED дар самти пешгирӣ ва бартарафсозии ҳолатҳои фавқулодда беҳбуд ёбанд. Ёддошти тафоҳумро Сарвари КҲФ Рустам Назарзода ва Директори ACTED хонум Раъно Мансурова имзо карданд. 

Раиси Кумита, генерал-лейтенант Рустам Назарзода аз созмонҳои байналмилалӣ даъват кард дар кори хайри таҳкими корҳои муштарак барои ҳимояи аҳолии ду кишвар аз офатҳои табиӣ ҳамкориҳои худро таҳким бахшанд. 

Дар брифинги матбуотӣ роҳбарони КҲФ Тоҷикистон ва ВҲФ Қирғизистон ба муҳим будани баргузории чорабиниҳо ва ҳамкориҳои фаъолонаи муштарак дар самти пешгирӣ ва коҳиши хатари офатҳо таъкид намуданд.

Онҳо ҳамчунин изҳори умед намуданд, ки ҷаласаҳои коллегия муштарак дар оянда низ муттасил гузаронида хоҳанд шуд ва он як платформаи муассири такмил ва рушди механизмҳои ҳимояи аҳолӣ ва ҳудуд аз ҳолатҳои фавқулодда  ба шумор хоҳад рафт. 

Ҷаласаи навбатии муштараки коллегия соли 2018 дар Ҷумҳурии Қирғизистон баргузор хоҳад шуд.