Ҳушдори Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда аз сардиҳои ҳавои чанд рӯзи оянда

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи шаҳрвандон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки тибқи маълумоти Агентии обуҳавосанҷии Тоҷикистон  аз 26 то 27-уми ноябри соли 2017 дар қаламрави мамлакат ҳавои номусоид, аз ҷумла  борони гузаранда ба барфи тар дар баъзе ноҳияҳои куҳӣ, шиддати бод, ки дар як сония аз 13 то 18 метр мевазад, дар назар дошта шудааст. Ҳарорати миёнаи ҳаво дар водиҳо  5 °С-ро ташкил хоҳад дод.

Ғайр аз ин часпидани барфи тар дар симҳои интиқоли барқ ва дарахтон, ғарами барф ва яхбандӣ дар роҳҳои куҳӣ интизор меравад. 

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда огоҳ мекунад, ки бар асари боди сарду сахт эҳтимол меравад симҳои интиқоли барқ зарар бинанд, қисман дарахтон чаппа шаванд, симчӯбҳои сустниҳоди таблуҳои реклом фурӯ раванд.

Кумита аз шаҳрвандни хоҳиш мекунанд дар чунин рӯзҳо рафтуомадҳои бемавриду бе зарурати худро муттаде ба таъхир андозанд, дар кори ба чаро бурдани чорво, рафтан ба куҳ барои ҳезум ё шикор эҳтиётро риоя кунанд. Ҳамчунин дар чунин рӯзҳо риояи қатъии қоидаҳои бехатарии сӯхтор ҳангоми истифода  асбобҳои барқӣ зарур аст. 

Ҳамзамон бо ин Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар мавсими сармо аз шаҳрвандон хоҳиш мекунад қоидаҳои зеринро риоя намоянд:

  • Агар шумо соҳиби хонаи шахсиед ва он дорои системаи мустақили гармидиҳист (баллони газ, бухорӣ ва ғайра), ба шумо лозим аст сӯзишвориро захира намоед. Чун дар бораи сармои шадид хабар ёфтед, системаи гармидиҳӣ ва хати лулаҳои обгузарро омода кунед, ки аз кор набароянд. 
  • Дар утоқҳо кӯшиш кунед гармӣ ба ҳадде бошад, ки бошандагонаш дар вақти сардӣ худро ҳифозат карда тавонанд. Пеш аз он ки ҳарорати ҳаво дар хона поин равад, шумо системаи гармидиҳиро ба кор андозед. Таҷҳизотҳои дастисохти барқиро барои гарм кардани хонаҳо истифода накунед, то сабаби сар задани сӯхтор нашаванд!
  • Ҳангоми боди шадид зери дарахтони азимҷусса, рекломпояҳо, хонаҳои куҳнаву фарсуда, хатҳои интиқоли барқ паноҳ набаред!
  • Яқин ҳосил кунед, ки ҳайвоноти хонагии шумо аз хатар эмин ва барояшон захираи кофии ему хошок ва об вуҷуд дорад.
  • Ба соҳибони нақлиёти шахсӣ тавсия медиҳем:

Мошини худро бо ашёҳои зарурии роҳҳои куҳӣ: бел, халтаҳои хоб, таҷҳизоти қувватдиҳандаи барои телефонҳои мобилӣ ва ғайра таъмин созед. Чархҳои фарсударо бо нав ва ба вазъи зимистон мусоид иваз кунед!

Агар мошини шумо дар роҳ вайрон шуд ва дармонд, дар дохили он то расидани кумак монед. Яқин ҳосил кунед, ки оё дар атрофатон каси дигаре нест, ки ҷабр дида бошад.  Агар бошад, пас ба онҳо то имкон доред ёрии худро расонед.

Дар ҳоли рӯ ба рӯ шудан ба ҳолати фавқулодда ва ё ягон ҳодисаи нохӯши дигар, шаҳрвандон метавонанд бо телефонҳои зерини навбатдорони фаврии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда муроҷиат намоянд:

  • Навбатдори масъули Кумита-112, 221-91-19, 223-13-11
  • Навбатдори масъул дар шаҳри Душанбе – 225-44-62, 225-44-76
  • Навбатдори масъул дар ВМКБ – код 3522 тел: 24057, 22744
  • Навбатдори масъул дар вилояти Суғд- код 3422 тел: 51555, 57995
  • Навбатдори масъул дар вилояти Хатлон – код 3222 тел: 23505, 27827
  • Навбатдори масъул дар ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб – код 3322 тел: 21656, 21657
  • Навбатдори масъул дар минтақаи ноҳияҳои Рашт – код 3131 тел: 22374
  • Навбатдори масъул дар ноҳияҳои минтақаи Ҳисор– код 3139 тел: 26074

Бо мақсади вокуниши саривақтӣ ва таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳҳо Кумита дар роҳҳои нисбатан ҳассосе чун Майхӯраи ноҳияи Варзоб ва километри 72-у3ми роҳи Душанбе-Айнӣ, ҳамчунин роҳи мошингарди Душанбе – Ванҷ шабонарӯзи постгоҳҳои назорати ташкил хоҳад кард. 

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда огоҳ мекунад: ЭҲТИЁТ БОШЕД!!!