КҲФ: Ҷаласаи ҳайати мушовара

Дар толори асосии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 1-уми июл ҷаласаи ҳайати мушовараи Кумита оид ба ҷамъбасти фаъолияти он дар нимсолаи якуми соли 2025 ва вазифагузорӣ барои нимсолаи дуюми соли 2025 баргузор гардид.

Раиси Кумита, генерал-полковник Раҷабалӣ Раҳмоналӣ, ҷаласаро оғоз намуда, ба масъулин супоришҳои мушаххас дод, ки вобаста ба самтҳои асосии фаъолияти Кумита иҷро шаванд.

Генерал-майор Латифзода Ҳотамшо Латиф, муовини якум, дар бораи ҳолатҳои фавқулодда, ки дар нимсолаи якуми соли 2025 дар Тоҷикистон ба қайд гирифта шуданд, баромад намуд. Вай ҳамчунин корҳои кӯмакрасонӣ, барқарорсозии хонаҳои истиқоматӣ ва дигар иншоотҳои ёрирасонро арзёбӣ намуда, корҳои анҷомдодашударо назаррас хонд.

Муовинони раиси Кумита генерал-майор Исозода Сулаймон Умар ва генерал-майор Иброҳимзода Имомалӣ Набибулло низ дар бораи чорабиниҳои мудофиаи гражданӣ, вазъи интизоми ҳарбӣ ва таъминоти ақибгоҳӣ маълумот доданд.

Дар ниҳоят, генерал-полковник Раҷабалӣ Раҳмоналӣ ба масъалаи омодагиҳо барои зимистони соли 2025-2026, баланд бардоштани интизоми ҳарбӣ, ҷоннок кардани чораҳои пешгирии ҳодисаҳои ғарқшавӣ ва такмили кори Кумита дар самтҳои гуногун супоришҳои иловагӣ дод.

барчасп: