30 – уми июни соли 2025, соати 12:30 дақиқа як сокини 26-солаи деҳаи Боғистон, ҷамоати деҳоти Сомони шаҳри Ҳисор ҳангоми оббозӣ дар канали калони Ҳисор, ки аз кӯчаи Бедили ҷамоати шаҳраки Ҳисор мегузарад, аз беэҳтиётӣ ғарқ шуда буд.
Якуми июли соли равон соати 06:30 дақиқа, тахминан 200м поёнтар аз ҷои ҳодиса аҳолии деҳа ҷасади ӯро пайдо ва барои ташхис ба мақомоти дахлдор супурданд.
**** ***** *****
Якуми июли соли равон, соати 16:30 дақиқа, як сокини 7-солаи деҳаи Девлохи Ҷамоати деҳоти Тусён ҳангоми бозии футбол аз беэҳтиётӣ ба дохилӣ рӯдхона афтида, ғарқ шудааст.
Баъди дарёфти хабар наҷотдиҳандагони Дастаи махсуси зудамали наҷоти Раёсати Кумита дар ВМКБ ба ҷойи ҳодиса сафарбар гардида, корҳои руиобӣ ва зериобӣ гузарониданд.
Мутаассифона, ҷустуҷӯҳо натиҷа надоданд. Дар айни замон корҳои ҷустуӯи ҷасади ноболиғ идома доранд.
**** ***** *****
Якуми июли соли 2025, соати 12:00 дақиқа мошини оташнишонии тамғаи DFAC рақами қайди давлатиаш 425 03 РТ, ки ба Хадамоти давлатии отошнишонӣ дар шаҳри Норак тааллуқ дорад, ҳангоми ҳаракат аз ноҳияи Данғара ба шаҳри Норак дар шоҳроҳи Душанбе-Норак-Данғара дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Пули Сангин деҳаи Тутқавул дар нишебии канори роҳ ба садама дучор гардид.
Ин мошин аз ҷониби як сокини 33-солаи шаҳри Норак, кӯчаи Яҳё Мирфозилов 8, хонаи 15 идора мешуд. Сабаби садама аз уҳдаи идораи мошин набаромадани ронанда гуфта шудааст.
Дар натиҷаи ин ҳодиса як сокини 41-солаи шаҳри Ваҳдат ба ҳалокат расидааст.
Ронандаи мошин бо ҷароҳатҳои вазнин ба беморхона бистарӣ шудааст.