Конфронс вобаста ба ҳифзи пиряхҳо

Дар толори асосии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон конфронс вобаста ба ҳифзи пиряхҳо баргузор гардид.

Дар кори он генерал-майор Эмомалӣ Иброҳимзода, муовини раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳомидов Анварҷон — намояндаи Маркази пиряхшиносии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, сардорони раёсату шуъбаҳо ва ҳайати шахсии Кумита иштирок доштанд.

Нахуст, конфронси мазкурро генерал-майор Эмомалӣ Иброҳимзода, муовини раиси Кумита, ҳусни оғоз бахшида, вобаста ба ҳадафи ниҳоии он изҳори назар карданд. Аз ҷумла, қайд намуданд, ки ташкилу баргузор намудани чунин конфронсҳо дар шароити кунунии тағйирёбии иқлим бисёр саривақтӣ мебошад.

Эмомалӣ Иброҳимзода илова кард, ки ин ҳадафҳо дар доираи иҷрои дастурҳои генерал-полковник Раҷабалӣ Раҳмоналӣ — раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон — пайгирӣ гардида, Кумита дар оянда низ дар самти ҳифзи пиряхҳо саҳми босазо мегузорад.

Ҳамчунин, дар идомаи кори конфронс Ҳомидов Анварҷон — намояндаи Маркази пиряхшиносии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон — баромад намуда, ташкили ин кори конфронсро бисёр саривақтӣ ва ҳадафмандона маънидод намуд.

Дар охир байни ҳозирин суолу ҷавоб баргузор гардид, ки ба кори конфронс анҷом бахшид

барчасп: