Машқи тирпарронӣ дар Раёсати КҲФ дар вилояти Хатлон

Рӯзи 2-уми июли соли 2025 бо мақсади баланд бардоштани сатҳи дониши касбӣ, сайқал додани маҳорату малакаи хидматчиёни ҳарбӣ оид ба тирпаронӣ аз силоҳи оташфишон, обутоби рўҳию ҷисмонии онҳо дар машқгоҳи тирандозии «Сарбанд»-и Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, воқеъ дар шаҳри Левакант тамринҳо гузаронда шуд.

Дар ин тарин хидматчиёни ҳарбии Раёсати Кумита дар вилояти Хатлон ва воҳидҳои сохтории он дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Бохтар иштирок карданд.

Маврид ба ёдоварист, ки ин машқҳо дар асоси фармоиши Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №166, аз 18-июни соли 2025 ва сардори Раёсати Кумита дар вилояти Хатлон №69 аз 30 июни соли 2025 дар бораи ташкил ва гузаронидани тирпаронӣ бо хизматчиёни ҳарбӣ роҳандозӣ шуд.