Раёсати КҲФ дар вилояти Суғд фаъолияти шашмоҳаи худро ҷамъбаст кард

Дар шаш моҳи соли 2025 дар ҳудуди вилояти Суғд 321 ҳодисаҳои фавқулоддаи хусусияти гуногундошта ба қайд гирифта шуд, ки бар асари онҳо 84 нафар ба ҳалокат расида, мабалғи зарари расида аз ин ҳаводис 3 миллиону 508 ҳазор сомониро ташкил дод.

4-уми июли соли ҷорӣ дар Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гаржданӣ дар вилояти Суғд ҷаласаи ҷамъбастии фаъолияти Раёсат инчунин шуъба ва бахшҳои  он дар шаҳру ноҳияҳо дар давоми нимсолаи  якуми соли 2025 баргузор гардид.

Дар ҷаласа роҳбарият, ҳайати шахсӣ ва сардорони шуъбаву бахшҳои Раёсат дар шаҳру ноҳияҳо иштирок намуданд.

Ҷаласаро сардори Раёсат полковник Додиён Баҳром Одина ифтитоҳ намуда, ҳозиринро бо рузномаи он шинос намуд. Баъдан аз ҷониби муовини сардори Раёсат  подполковник Кучаков Ҷамшед оид ба рух додани ҳодисаҳои хусусияти гуногундошта, гузаронидани машқу тамринҳо, вохурӣ ва корҳои таблиғотӣ дар минтақаҳои хавфнок, иҷрои корҳои пешгирикунанда ва соҳилбандӣ дар шаҳру навоҳии вилоят ва ба омӯзиш фаро гирифтани шунавандагон ба самъи ҳозирин маълумот дод.

Зикр гардид, ки дар давоми нимсолаи якуми соли ҷорӣ дар ҳудуди вилоят 321 ҳодисаҳои фавқулоддаи хусусияти гуногундошта ба қайд гирифта шудаанд, ки бар асари онҳо 84 нафар ба ҳалокат расида, мабалғи зарари расонидашуда 3 миллиону 508 ҳазор сомониро ташкил дод.

Дар ҳамин давраи соли 2024 дар вилоят 269 ҳодисаҳои фавқулоддаи хусусияти гуногундошта ба амал омада буд, ки бар асари онҳо 76 нафар ба ҳалокат расида, маблағи зарар 4 миллиону 438 ҳазору 891 сомониро ташкил дода буд.

Дар нимсолаи якуми соли 2025 дар ҳудуди вилоят 5 ҳодисаи  фавқулоддаи хусусияти табиидошта-лағзиши тарма (2-адад), раъду барқ (2-адад) ва сел (1-адад) ба қайд гирифта шуд, ки дар натиҷа 4 нафар ба ҳалокат расида, маблағи зарари расонидашуда 874 ҳазору 770 сомониро ташкил намудааст.

Дар ҳамин давраи соли 2024, дар вилоят 5 ҳодисаи фавқулоддаи хусусияти табиидошта ба қайд гирифта шуда дар натиҷа 3 нафар ба ҳалокат расида, маблағи зарари расонидашуда 1 миллиону 848 ҳазору 964 сомониро ташкил намуда буд.

Дар нимсолаи якуми соли 2025 16 ҳодисаи ғарқшавии фалокатовар ба қайд гирифта шуд, ки нисбат ба ҳамин давари соли 2024 8 адад кам мебошад. Инчунин аз ҷониби наҷотдиҳандагон 10-нафар аз ғарқшавӣ наҷот дода шуданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 шумораи наҷотдодашудагон 7-нафар зиёд мебошад.

Ҳамзамон дар давоми нимсолаи якуми соли 2025  аз ҷониби Раёсат ва шуъбаю бахшҳои он дар шаҳру ноҳияҳо 1011 (ҳазору ёздаҳ)   адад машқу тамринҳои мудофиаи гражданӣ ва 21 адад машқҳои ғайринақшавӣ гузаронида шуда, дар Маркази таълимӣ-методии Раёсат 912- нафар шунавандагон ба омӯзиш ҷалб карда шуданд. 

Дар давоми нимсолаи якуми соли ҷорӣ дар шаҳру ноҳияҳои  вилоят дар умум корҳои соҳилбандӣ ба масофаи 665 метр,  тоза кардани селроҳаҳо ба масофаи 20 ҳазору 465 метр  ва тозакунии каналҳои обёрикунанда ва заҳбуру заҳкашҳо ба масофаи 50,3 километр ба анҷом расонида шуд.

Баъди масъалаҳои дар ҷаласа баррасӣ гардида аз тарафи сардори Раёсати Кумита дар вилоят полковник Додиён Баҳром Одина доир ба роҳбарӣ ва иҷро гирифтани Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон,  Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табии барои солҳои 2019-2030, Барномаи миёнамӯҳлати давлатӣ оид ба ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд аз ҳолатҳои фавқулодда барои солҳои 2023-2028, идома додани корҳои таблиғотӣ ва вохӯриҳо бо аҳолии дар минтақаҳои хавфнок истиқоматкунанда ҷиҳати пешгирии ҳодисаҳои нохуш, ташкил намудани мулоқотҳо бо аҳолӣ дар мавсими оббозӣ, таъмири иншооти муҳофизатӣ ва кӯчонидани муҳоҷирони экологӣ вазифагузорӣ карда шуд.