7-уми июли соли 2025, соати 04:30 дақиқа дар километри 96-уми шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд дар ҳудуди деҳаи Такфони ҷамоати деҳоти Анзоб садамаи нақлиётӣ ба қайд гирифта шуд. Мошини боркаш тамғаи “Porter”, ки аз ҷониби як сокини деҳаи Суркат, ҷамоати деҳоти Пошкенти шаҳри Истаравшан идора мешуд, ҳангоми ҳаракат аз шаҳри Хуҷанд ба самти шаҳри Душанбе, бо сабабҳои номаълум аз баландии тақрибан 35–40 метр ба ҷарӣ сарозер шуда, ба дарёи Фон афтид. Бо дарёфти хабар, наҷотдиҳандагони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании вилояти Суғд дар водии Зарафшон ба ҷои ҳодиса сафарбар гардиданд. Онҳо мошинро аз дохили дарё берун оварданд, вале мутаассифона, ронанда ва ҳамсафари ӯ пайдо нашуданд. Дар айни замон корҳои ҷустуҷӯи ҷасади ин ду нафар идома дорад.
Тибқи маълумоти Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Хатлон, 7-уми июли соли 2025, соати 15:25 дақиқа як сокини 38-солаи деҳаи Ҳаёти нав, ҷамоати деҳоти Қизилқалъаи ноҳияи Хуросон ҳангоми оббозӣ дар дарёи Вахш ғарқ шудааст. Сабаби ин ҳодиса дақиқ маълум нест. Аммо ба эҳтимоли зиёд сабаб риоя накардани қоидаҳои шиноварӣ бошад. Бо дарёфти хабар, имдодгарони дастаи махсуси зудамали наҷоти Раёсати Кумита дар вилояти Хатлон ба ҷойи ҳодиса сафарбар гардида, корҳои рӯиобӣ ва зериобӣ гузаронданд. Аммо то кунун, ҳарчанд ин ҷустуҷӯҳо идома доранд, натиҷа надодаанд — ҷасади шаҳрванд пайдо нашудааст.
7-уми июли соли 2025 дар кӯҳу теппаҳои ҷамоати деҳоти Тутқавули шаҳри Норак ва мавзеи Палангдараи ҷамоати деҳоти Себистони ноҳияи Данғара сӯхтор ба қайд гирифта шуд. Аз ҷониби кормандони Бахши Кумита дар шаҳри Норак ва ноҳияи Данғара, 20 нафар сарбозони қисми ҳарбии 45085 Кумита якҷо бо Хадамоти давлатии оташнишонӣ, аҳолӣ ва дигар мақомот сӯхтор хомӯш карда шуд. Ҳамчунин дар кӯҳу теппаҳои деҳаи Зелолаки ҷамоати деҳоти Шуғнови ноҳияи Ховалинг низ сӯхтор рух додааст. Ба ҷои ҳодиса кормандони Бахши Кумита дар ноҳияи Ховалинг, аҳолӣ ва дигар мақомот сафарбар шуда, ҳамроҳ бо Хадамоти давлатии оташнишонӣ алангаи сӯхтор хомӯш карда шуд. Ҳоло мақомот сабабу омилҳои сар задани сӯхтор ва мизони зарари расидаро муайян мекунанд.