Ҳушдори КҲФ аз селҳои эҳтимолии рӯзҳои оянда

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истинод ба маълумоти Агентии обуҳавошиносӣ ба таваҷҷуҳи шаҳрвандон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки рӯзҳои 8–10-уми июли соли равон бо сабаби гармшавии ҳаво ва обшавии қабати барфу пиряхҳо дар минтақаҳои ғарбии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ), ноҳияҳои доманакӯҳию кӯҳии вилояти Суғд ва минтақаҳои кӯҳии Ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ (НТҶ) хатари омадани селҳо ва болоравии сатҳи оби дарёҳо вуҷуд дорад.

Ин манбаъ гуфтааст, ки селҳо бар асари об шудани пиряхҳо ва барфи қуллаҳои кӯҳҳо рух медиҳанд ва ин боис мегардад, ки ҳамзамон сатҳи оби рӯдхонаҳо низ боло равад.

Дар ҳамин иртибот Кумита ба аҳолӣ муроҷиат мекунад, ки дар чунин рӯзҳо хеле эҳтиёткор бошанд. Аз қабл селроҳаҳо, ҷӯю каналҳои маҳалли худро аз ҳар гуна селовардаҳо, хасу санг ва рег тоза кунанд, то оби зиёд ба маҷрои худ бе мамониат ҷорӣ шавад.

КҲФ ба дӯстдорони кӯҳгардӣ ва сайёҳони кӯҳгард муроҷиат мекунад ва аз онҳо хоҳиш менамояд, ки ҳангоми ҳаракат дар роҳҳои кӯҳӣ қоидаҳои бехатариро ҷиддан риоя кунанд.

Дар чунин рӯзҳо рафтан ба соҳили обҳо барои моҳидорӣ низ маслиҳат нест.

Кумита бо эҳтиром аз падарону модарон хоҳиш мекунад, ки бачаҳои ноболиғи худро беназорат нагузоранд. Бахусус дар чунин рӯзҳо бе ҳамроҳӣ бо волидон ё калонсолон рафтани ноболиғон ба оббозӣ метавонад ба ҷони онҳо хатарнок бошад!

ЭҲТИЁТ КУНЕД!

барчасп: