Аз 9 то 12 июл бо ибтикори Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои дахлдор бо мақсади пешгирии ҳодисаҳои ғарқшавӣ дар шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ таҳти унвони «Наҷоти сайёр» корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида мешавад.
Дар доираи ин иқдом, гурӯҳҳои корӣ бо сокинон, хусусан кӯдакону наврасон ва калонсолоне, ки дар соҳили рӯдхонаҳо, каналҳо, обанборҳо ба оббозӣ машғул мешаванд, корҳои фаҳмондадиҳӣ мегузаронанд.Инчунин, мутахассисони соҳа ба онҳо риояи қоидаҳои бехатарӣ дар об, расонидани ёрии аввал ва истифодаи воситаҳои наҷотро меомӯзонанд.
Таҳлилҳо нишон медиҳад, ки бештари ҳолатҳои ғарқшавӣ бинобар риоя накардани қоидаҳои оббозӣ, шиноварии кӯдакону наврасон дар ҷойҳои мамнӯъ ва бе назоратии калонсолон рух медиҳанд.
Дар шароити иқлимии минтақа, ки ҳар сол дар мавсими гармо сатҳи хатари чунин ҳодисаҳо боло меравад, зарурати тақвияти корҳои фаҳмондадиҳӣ ва назоратӣ аз ҷониби ҳамаи субъектҳои масъул – аз оила сар карда, то муассисаҳои таълимӣ хеле муҳим мебошад. Зеро донистани қоидаҳои оббозӣ ва дуруст риоя намудани онҳо метавонад пеши роҳи ғарқшавӣ ва оқибатҳои ногуворро гирад.
Аз ин рӯ, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз сокинону меҳмонони ҷумҳурӣ хоҳиш менамояд, ки ҳангоми оббозӣ қоидаҳои бехатариро риоя намуда, танҳо дар ҷойҳои муайяншуда ба шиноварӣ машғул шаванд.