Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 3-юмин Маҷмааи умумии фавқулодаи Созмони Байналмилалии мудофиаи гражданӣ иштирок намуд

Дар шаҳри Боку ҷаласаи 3-юми ғайринавбатии Маҷмааи умумии Созмони Байналмилалии мудофиаи гражданӣ (ICDO) баргузор гардид. Дар нишасти мазкур ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковник Раҷабалӣ Раҳмоналӣ иштирок намуд.

Дар кори ҷаласа ҳамчунин Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Абдураҳмон ширкат кард. 

Сарвазири Ҷумҳурии Озарбойҷон ҷаноби Алй Асадов бо суханони муқаддамотӣ ҷамъомадагонро хайрамақдам гуфт.

Иштироккунандагони ассамблея масъалаҳои муҳими ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи мудофиаи гражданй, баланд бардоштани тобовариву устуворӣ ба ҳолатҳои фавқулода ва мустаҳкам намудани иқтидори сохторҳои миллии мудофиаи гражданиро мавриди барарсӣ қарор доданд. 

Дар ҷараёни ҳамоиш масъалаҳои ташкилии интихоби Котиби генералии Созмони Байналмилалии мудофиаи гражданӣ барарсӣ гардид. Ширкаткунандагон бо овоздиҳӣ аз миёни чор номзад аз Ҷумҳурии Озарбойҷон, Буркина – Фасо, Сербистон ва Тунис бо аксари оро ҷаноби Э. Калантарлиро, ки пештар дар вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Озарбойҷон ифои вазифа мекард, интихоб карданд.

Ҳайати Тоҷикистон дар ҳошияи ин нишаст аз Академияи ВҲФ, Маркази идоракунии ҳолатҳои буҳронӣ, Департаменти рушди технологияи рақамӣ ва инноватсия ва Хадамоти хатарҳои вижаи ВҲФ Озарбойҷон дидан намуд. 

Ҳамчукнин дар ин сафар ҳайати Тоҷикистон бо ҳайати Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Озарбойҷон, Белорусия, Қирғизистон ва Созмони ҷаҳонии мудофиаи гражданӣ мулоқот кард. 

Дар ҷараёни ин дидорҳо ҷониби Тоҷикистон тааҳҳуди худро барои тақвияти бештари мушорикат дар чорчӯби Созмони байналмилалии мудофиаи гражданӣ иброз дошт ва ба аҳаммияти ҳамоҳангии талошҳо барои таъмини амнияти умумӣ дар доираи чолишҳои ҷаҳонӣ ва тағйироти иқлимӣ таъкид кард.

Ҳамчунин мавзӯи омӯзиш ва такмили ихтисоси кормандони КҲФ Тоҷикистон дар Академияи ВҲФ Озарбойҷон мавриди суҳбат қарор гирифт. 

Тибқи барномаи сафар ҳайати кишварҳои узви Созмони ҷаҳонии мудофиаи гражданӣ дар тамрини фаврӣ-тактикии “Боку-2025” ва намоиши техникаи садамавиву наҷот иштирок карданд. 

барчасп: