14 июли соли 2025, соати 12:47 як дӯкони самбусапазӣ воқеъ дар кучаи А.Навоӣ №63, шафати маркази савдои “Релакс”-и ноҳияи Сино оташ гирифт. Сабаби ин сӯхтор таркиши баллони гази моеъ дар ин самбӯсапазхона будааст.
Дӯкони самбӯсапазии мазкур ба соҳибкор Урумбаев Абдумалик Сулкинович истиқоматкунандаи ноҳияи Фирдавсӣ кучаи Яккатут хонаи №242 тааллуқ дошта, ҳаҷми сухтор 20-метри мураббаъро ташкил дода аст.
Бар асари ин таркиш ва сӯхтор чор нафар ҷароҳат бардошта, ба Муассисаи давлатии тиббии шаҳрии №3 (машҳур ба Ожоговый) бистарӣ карда шуданд.
Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ сабаби ин ҳодиса ва ҳаҷми зарари расидаро муайян мекунанд.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо эҳтиром аз сокинон хоҳиш мекунад дар истифода аз баллонҳои гази моеъ қоидаҳои бехатариро риоя намоянд.