Машқи Мудофиаи Гражданӣ дар ш. Турсунзода

Дар шаҳри Турсунзода машқҳои мукаммали мудофиаи гражданӣ бо мақсади бартараф кардани ҳолатҳои фавқулодда доир гардид. Дар ин машқҳо қувва ва воситаҳои сохторҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ фаъолона иштирок намуда, вазифа ва ӯҳдадориҳои худро бо масъулият ва сарбаландӣ иҷро карданд.

Дар интиҳои машқҳо ба иштирокчиёни фаъоли онҳо сипосномаҳо барои саҳмгузорӣ дар амалиётҳои муфид ва мукаммали мудофиаи гражданӣ супорида шуд.

барчасп: