Роҳандозии корҳои таблиғотӣ дар соҳили Сир ва Баҳри Тоҷик

Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражадании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд хабар дод, ки рӯзҳои 16 -18 июли соли 2025 бо мақсади пешгирии ҳодисаҳои ғарқшавии шаҳрвандон дар назди кӯлу дарёҳо ва иншооти обӣ дар соҳили дарёи Сир ва Баҳри Тоҷик бо истироҳаткунандагон оид ба қоидаҳои рафтор дар махзанҳои об, танҳо нагузоштани фарзандони хурдсол дар назди кӯлу дарёҳо корҳои таблиғотию ташвиқотӣ  гузаронд.

Раёсати КҲФ дар вилояти Суғд ин корро дар асоси Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои қарори ҷаласаи ҳайати мушовараи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, нақша-чорабиниҳои Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Суғд оид ба риояи қоидаҳои оббозӣ ва андешидани чораҳои зарурӣ дар мавсими оббозии соли 2025 амалӣ кардааст.

 Ҳамзамон баъд аз гузарондани вохӯриҳо ба истироҳаткунандагон доир ба қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми шиноварӣ (оббозӣ)  варақаҳои таблиғотӣ тақсим карда шуд.

Мақсад аз ташкили чорабиниҳои мазкур пешгирии ҳодисаҳои нохуши ғарқшавӣ мебошад, ки ҳамасола бо фаро расидани рӯзҳои гарм  оббозӣ ба яке аз шуғлҳои асосии аҳолӣ, махсусан наврасону ҷавонон табдил меёбад. 

Тибқи нақша-чорабиниҳо гузаронидани корҳои таблиғотӣ дар ин самт дар дигар шаҳру  ноҳияҳои вилояти Суғд  идома дорад.