КҲФ: Тадбирҳои пешгири аз ғарқшавӣ дар ноҳияи Ёвон

Дар ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон ҷиҳати пешгирӣ аз ҳодисаҳои ғарқшавӣ таҳти роҳбарии муовини раиси ноҳия Абдуллозода Саёҳат тадбирҳо амалӣ карда мешаванд.

Бахусус, ҳамарӯза гурӯҳи корӣ бо ҷалби сохторҳои дахлдор ҷиҳати гузаронидани сӯҳбатҳо дар мавзеъҳои поёноби кул ва ҳавзҳо фаъолона кор мебарад.

Рӯзи 19 июли соли 2025, корҳои фаҳмондадиҳӣ таҳти роҳбарии муовини раиси ноҳия Абдуллозода Саёҳат ташкил гардид. Дар ин чорабинӣ иҷрокунандаи вазифаи сардори Бахши Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар ноҳияи Ёвон, капитан Толибзода Бдураҳим, муовини Ҳизби халқии демократӣ дар ноҳияи Ёвон Темурзода Фарзона, намояндаи бахши ҷавонон Раҳмонзода Муҳаммад ва дигар сохторҳои дахлдори ноҳия иштирок намуданд.

Тадбирҳои мазкур бо мақсади баланд бардоштани сатҳи огоҳии аҳолӣ ва пешгирии ҳолатҳои ғарқшавӣ миёни шаҳрвандон роҳандозӣ мегарданд.