Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Хатлон хабар медиҳад, ки 19 июли соли 2025, тахминан соати 18:20, шаҳрванд Абдурасулова Б. А., санаи таваллудаш 30.06.1997, сокини ҷамоати деҳоти С. Айнӣ, деҳаи Гулистони ноҳияи Хуросон, оиладор ва соҳиби 5 фарзанд, бо сабабҳои номаълум худро аз болои пули мошингузари ҳудуди ноҳияи Кушониён ба дарёи Вахш партофт.
Наҷотдиҳандагони Дастаи махсуси зудамали наҷоти Раёсат дар ҷараёни корҳои наҷотдиҳӣ шаҳрвандро тақрибан 500–600 метр поёнтар аз ҷои ҳодиса зинда аз об наҷот дода, ба ӯ ёрии аввалини тиббӣ расониданд. Сипас, ӯ ба беморхонаи марказии ҷамоати шаҳраки Бохтариёни ноҳияи Кушониён интиқол дода шуда, ба кормандони тиб супорида шуд.
Айни ҳол вазъи саломатии ӯ хуб буда, дар беморхона бистарӣ мебошад.