Бино ба гузориши Маркази идоракунии ҳолатҳои буҳронии Вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Федератсияи Русия 23 – уми июли соли 2025, соати 05:40 дақиқа дар километри 254-уми шоҳроҳи М-5 "Урал" - роҳи даромадгоҳи шаҳраки Тереенгул, вилояти Уляновски Федератсияи Русия садамаи нақлиётӣ ба қайд гирифта шудааст.
Манбаъ хабар додааст, ки микроавтобуси Н-1, рақами қайди давлатиаш Е 655 ТК 777 ва мошини боркаши Камаз рақами давлатиаш K 649 TH 05, ки дар канори роҳ меистод, ба ҳам бархӯрдаанд.
Дар натиҷаи садама 6-нафар ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта ба беморхонаҳо интиқол дода шуда, 3-нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷои ҳодиса бо бардоштани ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ ба ҳалокат мерасанд.
Ин манбаъ номи ҳалокшудагонро ба ин тартиб овардааст:
Мардонов А.С. соли таваллудаш 1993;
Карамхудоев Н.Қ. соли таваллудаш 1997;
Саидов А.С. соли таваллудаш 1991;
Тибқи иттилои хабаргузориҳои Русия прокуратораи ноҳияи Теренгулск тафтиши ҳодисаро оғоз кардааст.