Имзои Ёддошти тафоҳум миёни КҲФ Тоҷикистон ва Агентии ҳолатҳои фавқулоддаи Муғулистон

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии давлатӣ оид ба ҳолатҳои фавқулоддаи Муғулистон Ёддошти тафоҳум ба имзо расониданд.

Ин санад бо мақсади тақвияти ҳамкорӣ ва табодули таҷриба дар самтҳои идоракунии ҳолатҳои фавқулодаи табиӣ ва техногенӣ, коҳиши хавфи офатҳои табиӣ, беҳтарсозии системаи огоҳсозӣ ва алоқа, инчунин истифодаи технологияҳои навин имзо шуд.

Дар доираи ёддошти мазкур, ҳамчунин баргузории семинарҳо, конфронсҳо ва вохӯриҳои корӣ ба нақша гирифта шудааст, ки ба такмили малакаи кормандон ва мутобиқсозии фаъолият ба стандартҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ мусоидат мекунад.

барчасп: