КҲФ: Такмили донишу малака

Масъулини самти кадрҳо, корҳои сиёси-тарбиявӣ ва таълимоти ҳарбии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масоили такмили дониши ҳайати шахсӣ диққати махсус дода, пайваста машғулиятҳои гуногунро баргузор менамоянд.

Дар толори асосии Кумита ин навбат бо иштироки Маҳмудзода Нусратулло Пӯлод, сардори Раёсати тарбияи ватандустии дастгоҳи марказии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон машғулият ташкилу баргузор гардид.

Кори машғулиятро генерал-майор Камолзода Ҷамшед, яке аз сардорони сарраёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтитоҳ бахшида, сипас Маҳмудзода Н. П. машғулиятҳои омӯзишии худро идома дод.

Қобили қайд аст, ки дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкили чунин вохӯриҳо мунтазам ба нақша гирифта шуда, ҷиҳати сайқали донишу малакаи касбӣ таъсири худро мерасонад.

барчасп: