КҲФ: Таҷлили Рӯзи Модар дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ

7 марти соли 2026 дар толори Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии идона таҳти унвони "Модар - олиҳаи зиндагӣ" бахшида ба Рӯзи Модар – 8 март баргузор гардид.

Дар чорабинӣ Раиси Кумита, роҳбарият ва занону бонувони Кумита иштирок намуданд. Нахуст чорабиниро  Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал - полковник Раҷабалӣ Раҳмоналӣ оғоз намуда, занону бонувони Кумитаро ба муносибати иди фархундаи Рӯзи Модар самимона табрик ва муборакбод намуд.

     Зикр гардид, ки занону бонувон дар баробари иҷрои рисолати муқаддаси модарӣ, инчунин дар рушди ҷомеа, таҳкими давлатдорӣ ва иҷрои вазифаҳои хизматӣ саҳми назаррас доранд. Аз ҷумла, таъкид шуд, ки занони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар самтҳои гуногуни фаъолият бо масъулияти баланд адои вазифа намуда, дар пешбурди фаъолияти Кумита нақши муҳим мегузоранд.

      Дар идомаи чорабинӣ як қатор занону бонувони фаъоли Кумита барои фаъолияти намунавӣ ва саҳми арзандаашон дар рушди соҳа бо рутбаҳои ҳарбии навбатӣ, медалҳои ҷашнӣ ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд.

      Чорабинӣ дар фазои идона ва руҳияи баланди эҳтиром нисбат ба зан-модар баргузор гардида, бори дигар мақому манзалати занон дар ҷомеа ва саҳми онҳо дар фаъолияти мақомоти давлатӣ таъкид карда шуд

барчасп: