КҲФ: КУДАКИ 5 СОЛАРО АЗ ҒАРҚШАВӢ НАҶОТ ДОДАНД

Дар шаҳри Душанбе, ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар маҳаллаи Варзоб - ГЕС, дар мавзеи фишории НБО - 1, писарбачаи ноболиғ соли таваллудаш 21.03.2021 зода ва истиқоматкунандаи ноҳияи Варзоб, Шоҳназарзода А., аз беэҳтиётӣ ғарқ мешавад.

    Ҳолати мазкурро кормандони НБО - 1, Маликов Муқимҷон ва Ализода Назира дида, кӯдакро аз ғарқшавӣ наҷот медиҳанд ва фавран ӯро ба беморхонаи Қарияи Болои шаҳри Душанбе интиқол медиҳанд.

    Хизматҳои шоёни таҳсини онҳо аз мадди назари Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал - полковник Раҷабалӣ Раҳмоналӣ дур намонда, онҳоро бо кори наку ва ҷасорати ҷавонмардона қадрдонӣ намуд.

     Сардори Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар шаҳри Душанбе полковник Шамсиддинзода Сулаймон тӯҳфаҳо ва итихорномаву сипосномаҳоро ба онҳо супорид.

       Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба ҳолати мавсими оббозии имсола, ки моро дар пеш аст, ба шаҳрвандон ва меҳмонони кишвар муроҷиат менамояд, ки барои пешгирӣ аз ҳодисаҳои ғарқшавӣ бо кормандони кумита ҳамкорӣ намуда, дар ин самт аз худ, саҳми арзанда гузоранд

барчасп: