Санаи 13 марти соли 2026 намояндаи Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Хатлон бо падару модарони хонандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии тоҷикӣ ва руссӣ дар шаҳри Бохтар ба номи М.В.Ломоносов сӯҳбату вохӯрӣ доир намуданд.
Вохӯрии мазкур дар асоси ҳамкориҳои дуҷонибаи Кумита роҳандози гардида, он аз шаҳри Душанбе оғоз гардид.
Мақсади гузаронидани сӯҳбату вохӯрӣ бо падару модарони хонандагон барои интихоби таҳсил дар Академияи ҳифзи шаҳрвандии Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Русия, Академияи ҳифзи граждании Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Ҷумҳурии Қазоқистон ва дар оянда барои кору фаъолият намудан дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.
Чунин иқдомҳо аз шаҳри Душанбе оғоз гардида, дар дигар шаҳру ноҳияи кишвар низ минбаъд амалӣ карда мешаванд.


