Наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда одамонро аз ҷарии 150 метр берун оварданд

Суръати баланди мошин ҳангоми ҳаракат дар роҳи куҳӣ муҷиби фурӯ рафтани он ба ҷарӣ шуд, ки дар натиҷа як зани 68-сола ба ҳалокат расид. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда аз ронандагон хоҳиш мекунад ҳангоми ҳаракат дар роҳҳо бонизом бошанд ва фосиларо ҷиддан риоя кунанд, ҷони худ ва ҷони ҳамсафарони худро ба хатар наяндозанд.

Наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар ҷараёни роҳандозии корҳои садамавиву наҷот ҳангоми бартарафсозии оқибатҳои ҳодисаи нақлиёт дар роҳ аз мошини дучори садамашуда одамонро берун кашиданд. 

Дар 72-умин километри роҳи Душанбе-Хуҷанд ҳангоми ҳаракат аз шаҳри Хуҷанд ба пойтахти кишвар мошини тамғаи  «Toyota RAV4», ки ба сокини 62-солаи вилояти Суғд мансуб буд, ба ҷарии 150 метр фурӯ рафт. Сабаби ин садамаи мудҳиш он буд, ки мошин бо суръати хеле баланд мерафт ва ронанда аз уҳдаи идораи он баромада натавонист. Ҳангоми садама дар дохили мошин 5 нафар ҳузур доштанд. 

То омадани наҷотдиҳандагон бо талоши кормандони хадамоти роҳи ширкати Innovative Road Solutions (IRS) ду нафар аз мусофирони дохили мошин берун оварда шуданд. 

Кормнадони наҷоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда се нафари боқимонда дар моишинро бо ёрии  техникаи махсуси наҷот берун кашиданд. Сипас, ҳамаи онҳо бо ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ дар бемористони ноҳияи Варзоб бистарӣ карда шуданд. Вале мутаассифона, бар асари ҷароҳати сахт як зани 68-сола, сокини ноҳияи Панҷакент дар бемористон ҷон дод. 

Соли 2017 кормандони наҷоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда 16 нафарро, ки ба садамаҳои гуногуни нақлиётӣ дар роҳҳо дучор шуда буданд, аз хатар наҷот доданд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда аз ронандагони ҳамаи мошинҳо хоҳиш мекунад дар роҳҳо хеле эҳтиёткор бошанд ва низоми ҳаракат ва суръатро ҷиддан риоя кунанд.

Ҳамзамон бо ин Кумита ба  кормандони хадамоти роҳи ширкати Innovative Road Solutions (IRS) барои ҳамкорӣ ва кумак дар наҷоти одамон ва мошинҳо ҳангоми садамаҳои нақлиётӣ изҳори сипос мекунад.