Мулоқоти кормандони идораи зиддикоррупсионии кишвар бо ҳайати шахсии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда

Дар доираи Нақшаи омӯзиши Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар дар Дастгоҳи Марказии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти ҳайати шахсӣ бо намояндагони Агентии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсия баргузор шуд.

Дар мулоқоти роҳбарон ва ҳайати шахсии КҲФ муовини Сардори Сарраёсати Агентӣ Баротбой Расулӣ ва муовини сардори Раёсати Агентӣ Шодком Турсунзода ширкат ва суханронӣ карданд. 

Дар рафти суханрониҳо шахсони салоҳиятдори Агентӣ ба ҳайати шахсии КҲФ оид ба ҷараёни татбиқи Стратегияи муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои 2013-2020”, ҷиноятҳои коррупсионӣ ва шеваҳои пешгирӣ ва мубориза бо он маълумот доданд. 

Бино ба гуфтаи намояндагони Агентӣ имрӯз дар ҷомеаи мо шаклҳои гуногуни коррупсия миёни қишрҳои гуногуни аҳолӣ, аз ҷумла шахсони мансабдор ба мушоҳида мерасад. Самаранокии кори мубориза бо ин зуҳурот аз мусоидату ҳамкории ҷомеаи шаҳрвандӣ ва татбиқи саривақтии қонунҳову барномаҳо вобаста мебоашд. 

Дар поёни мулоқот роҳбарияти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ба кормандони Агентии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсия изҳори миннатдорӣ намуданд ва қайд карданд, ки Кумита минбаъд низ корро барои пешгирӣ ва ошкор намудани коррупсия таҳким хоҳад бахшид.