Ҳаводиси олам: Лағзиши тарма, садамаҳои маргбор ва тӯфонҳои хатарзо

Дар сӯхтори меҳмонхонаи Eurostars David дар маркази шаҳри Проги ҷумҳурии Чех ду нафар, як шаҳрванди Олмон ва як шаҳрванди Куриёи Ҷанубӣ ба ҳалокат расиданд.  Дар Аврупо тӯфони шадидтарин зарфи даҳ соли охир шуруъ шуд ва хатароти ҷиддӣ ба бор овард. Дар баъзе манотиқи олам аз ярч ва тарма одамон ба ҳалокат расиданд. Садамаҳои маргбори мошин дар гӯшаву канори дунё сабабгори марги одамон шуданд.

Инҳо ва боз чанд хабари дигар аз муҳимтарин рӯйдодҳои оламанд, ки дар ин бахш мехонед.

Нишасти изтирории ҳавопаймо дар Хелсинкӣ

Ҳавопаймои  Boeing 787 Dreamliner мутааллиқ ба ширкати ҳавопаймоии  Japan Airlines (JAL), ки аз Хелсинки ба Токио парвоз мекард, оҷилан ба фурудгоҳ баргашт.

Бино ба гузориши хабаргузориҳо сабаби фуруди изтирорӣ оташ гирифтани муҳаррики ҳавопаймо буд.  Намояндаи JAL гуфтааст, ки ин ҳавопаймо аз Хелсинки соати 17:07 парвоз карда буд ва соати 18:34 ба иллати ноҷӯрии техникӣ ба фурудгоҳ баргашт ва бидуни мушкил ба замин нишаст. 

Сарвари ҳаракатҳои ҳавоии фурудгоҳи Хелсинки-Вантаа Томи Ҳаннуксел дар мусоҳиба бо нашрияи Ilta-Sanomat гуфтааст, ки тайёра бо як муҳаррикаш ба замин нишаст ва мушкиле барои мусофирон эҷод накард.  

"Шоҳидон дар бораи изтироб дар ҳавопаймо ҳарф мезаданд. Доду фарёд зиёд буд. Муҳаррики росташ оташ гирифта буд. Вазъ хеле буғранҷ буд”,- навишт ин нашрия.

Ҳавопаймои оташгирифтаро дар фурудгоҳ беш аз 12 мошини сӯхторхомӯшкунӣ истиқбол гирифтанд.

Хадамоти наҷоти фурудггоҳ гуфтааст, ки “мо омодаи вокуниш ба садама будем”.

Намояндаи ширкати ҳавопаймоӣ аз ибрози назар дар мавриди ҷоиз будани парвоз дар оянда бо ин ҳавопаймо худдорӣ кардааст.

Худи ҳамон лазҳаҳо 160 мусофир ва 12 сарнишини ҳавопаймо дар меҳмонхонаҳои Хелсинкӣ ҷобаҷо шудаанд.

Ҳаракати мошин дар пиёдараҳа муҷиби захмӣ шудани 15 нафар шуд

Дар шаҳри Рио-де-Жайнеро-пойтахти Бразилия ҳаракати мошин дар пиёдараҳа 15 нафарро маҷруҳ кард. Дар ин бора ширкати телевизионии Globо хабар дод.

Ин манбаъ мегӯяд ҳодиса соати 20:30 дақиқаи вақти маҳаллӣ рух додааст. Бино ба маълумоти аввалияи тафтишот ронандаи 41-сола Антониу Алмейда дар ин иртибот боздошт шудааст. Номбурда гуфтааст, ки аз бемории саръ ранҷ мебарад ва иллати ин хуруҷи бемориаш буд. 

Дар наворе, ки  Globo интишор дод, дида мешавад, ки чӣ гуна наҷотдиҳандагон ба ҷабрдидаҳо ёрӣ мерасонанд. Баъзеҳо ҳоло дар канори роҳ мехобанд ва баъзеи дигарро ба бемористон интиқол доданд. Мошини пачақшуда дар регзори соҳил меистод. Қисмати пеши мошин пурра аз кор баромада буд.

Соҳили Копакабан, ки ин ҳодиса он ҷо рух дод, аз маконҳои хеле маъруфи истироҳати мардум дар пойтахти Бразилия ба шумор меравад. 

Ҳалокати ду нафар бар асари бархӯрди панҷ мошин дар Тотористон

Бар асари бархӯрди панҷ мошин дар роҳи мошингарди Қазон-Малмиж ду нафар ба ҳалокат расиданд ва се тани дигар маҷруҳ гаштанд.

Тибқи иттилои аввалия ронандаи мошини тамнғаи LADA Priora, ки аз Қазон ҳаракат карда буд, бо мошини NISSAN QASHQAI аз тарафи муқобил бархӯрд ва баъдан мошинҳои дигар, ки суръати ҳаракаташон боло буду ронандагон натавонистанд идора кунанд, ба ҳам заданд. 

Дар айни замон гуруҳи тафтишот омилҳои садамаи маргборро таҳқиқ мекунанд. Маҷруҳон ба бемористон интиқол ёфтаанд.

Шумори сарбозони турки кушташуда дар лағзиши тарма ба 5 расид

Теъдоди сарбозони ҳалокшудаи Туркия бар асари лағзиши тарма ба панҷ расид. Мақомот эълон карданд, ки дар ин ҳодиса ҳамчунин 12 нафар ҷароҳат бардоштанд.

Қаблан ширкати телевизионии NTV аз ҳалокати ду нафар бар асари лағзиши тарма хабар дода буд. Гуфта мешуд, ки се тани дигар ҳам бенишон ғайб задаанд. 

Амалиёти наҷот ва ҷустуҷӯи афроди дигари гумшуда бо воситаи чархболҳои низомӣ ҳамоно идома дорад.

Гуфта мешавад, ки неруҳи низомии Туркия дар маҳалли офати табиӣ ба хотири роҳандозии амалиёти ҷангӣ зидди курдҳои ҷудоихоҳ қарор доштанд. 

Ба комӣ уфтодани духтари панҷсола бар асари истеъмоли машрубот

Дар Забайкале мақомоти интизомӣ заҳролуд шудани духтари панҷсола аз истеъмоли машруботро парвандаи ҷиноятӣ кардаанд. Дафтари матбуотии прокуратураи минтақавӣ гуфтааст, ки ин рӯйдоди такондиҳанда дар шаби Соли нав иттифоқ уфтодааст.

Дар хабари ниҳод омада: “Шаби 31-уми декабри соли 2017 ба шуъбаи қабули бемористони марказии ноҳияи Могочинск духтари панҷсола – фарзанди як гумонбар ба ҷиноятро оварданд. Тибқи хулосаи ташхисӣ судӣ духтар аз машрубот заҳролуд шуда буд ва дар ҳоли беҳушӣ қарор дошт. Модари 27-солаи духтар, ки пештар аз озодӣ маҳрум шуда буд, сабабгори ин амали номуносиб шудааст”.

Тафтишот мегӯяд модари сархӯш аз шароб болои миз истакони арақдорро гузоштааст ва ин духтарчаи нодон онро нӯшидааст. Ташхиси судӣ ҳоли духтари панҷсоларо дараҷаи сеюм ва вазнин арзёбӣ кардааст.

барчасп: