Самтҳои асосии Паёми Пешвои миллат дар Суғд мавриди омӯзиш қарор гирифт

Ҳайати шахсии Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд дар мулоқот бо намояндагони Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқӣ-демократӣ дар ин вилоят самтҳои асосии Паёми Пешвои миллатро омӯхтанд.

Бо мақсади фаҳмонидани муҳтаво ва самтҳои асосии Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ, ҳамчунин дар доираи татбиқи вазифаҳои гузошташуда оид ба роҳандозии дарсҳои хидматӣ дар Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд мулоқоти ҳайати шахсӣ бо намояндагони Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқӣ-демократии ҶТ дар ин вилоят баргузор гардид. 

Ҳайат аз ҷониби Набиҷон Халилзода – мудири шуъбаи таблиғ ва иттилооти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд сарварӣ мешуд.

Зимни суханронии худ Набиҷон Халилзода ба ширкаткунандагон дар бораи самтҳои асосии Паёми Президент, аз ҷумла дар бораи сиёсати дохилӣ, иқтисод, сиёсати иҷтимоӣ ва ҷавонон, рушди тандурустӣ ва маориф, дурнамои тараққиёту инкишофи мамлакат ва ғайра нақл кард. 

Дар поёни суҳбаташ Н. Халилзода бори дигар таваҷҷуҳи ҳозиронро ба таҳкими истиқлолияти кишвар, тараққиёт ва муносибатҳои шарикии ҳамсоягӣ бо ҳамаи кишварҳо, таҳкими ягонагии миллӣ, сулҳ ва суботу ҳамдигарфаҳмӣ, омӯзиши таърих, фарҳанг ва забон ҷалб намуд. 

Ҳамчунин мулоқоти бонувон – хизматчиёни ҳарбии Раёсат бо яке аз иштирокдорони фаъоли Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Хайриниссо Темирова – омӯзгори донишгоҳи техникӣ баргузор шуд. 

Дар ин мулоқот Хайриниссо Темирова қайд кард, ки сарвари давлат на як бору ду бор дар бораи нақши созандаи занону модарон дар шукуфоии мамлакат ҳарф задааст. Вай як бори дигар ба татбиқи самараноки “Стратегияи миллии фаъол гардонидани нақши занон дар ҶТ дар солҳои 2011-2020” таъкид намуд. Ба надешаи ӯ ин стратегия дар баланд бардоштани мақоми занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳам дар оила ва ҳам дар ҷомеа нақши муҳим ва асосӣ мебозад.