Ҳаводиси олам: Обхезии бесобиқаи Порис, сӯхтор дар биноҳои истиқоматӣ, киштиҳои ғарқшуда

Сардиҳои сибириву аврупоӣ ба Осиёи Марказӣ расиданд. Аз дирӯз дар сар то сари Тоҷикистон барфи шадид ба боридан сар кард ва он ҳамоно идома дорад. Саҳнаҳои Душанбеи барфпӯш ба нишони истиқболи гарми сокинони пойтахти кишвар аз барфи деринтизор шабакаҳои иҷтимоиро фаро гирифтанд. Ва дар ҳақиқат имсол барф ва зимистон ба диёри мо, бахусус қалби Тоҷикистони азиз дер омад. Вале омад ва ба мушкили рӯзафзуни сокинони мамлакат мушкили нав зам кард.

То ин соат хабарҳо аз гӯшаву канори мамлакат доир ба барфи шадид дастрас нашуд ва интизор мерасад гузориши мукаммалтар соатҳои баъдӣ ин ҷо нашр шаванд.

Ҳоло муруре дорем ба рӯйдодҳои ахири олам.

Ҳалокати 4 шаҳрванди Тоҷикистон дар сӯхтори шаҳри Краснодар

Ҳамаи чор қурбонии сӯхтори шаби 28-уми январи соли равон дар Краснодари Русия зодагони ноҳияи Шаҳринав будаанд.

Ахиран Вазорати меҳнат ва шуғли аҳолии Тоҷикистон исми чор нафар ҳалокшудагон дар сӯхтори бино дар шаҳри Краснодари Русияро эълон кард. Инҳо: Анвар Холбоеви 48-сола, писараш Беҳзод Холбоеви 13-сола, Муслима Неъматоваи 48-сола ва Аббосбек Чориеви 6-сола зодагони ноҳияи Шаҳри нави кишваранд.

Ду шаҳрвандонди дигари Тоҷикистон Асадбек Чориеви чаҳорсола ва Парвина Рӯзимаматоваи 24-сола ҷароҳати вазнин бардоштаанд. Намояндаи вазорати меҳнат ва шуғли аҳолии кишвар дар суҳбат бо радиои “Озодӣ” гуфтааст, ки “феълан кормандони мо дар бемористоне ҳастанд, ки онҷо шаҳрвандони осебдида табобат мегиранд. Вазъи осебдидагон вахим гуфта мешавад”.

Бино ба гузориши расонаҳои хабарии Русия ин сӯхтор дар биное сар задааст, ки 9 шаҳрванди Тоҷикистон иҷоранишин будаанд. Мақомот барои таҳқиқи сабабҳои ин сӯхтор парвандаи ҷиноятӣ оғоз кардаанд. 

Дар сӯхтори хобгоҳ дар вилояти Омск панҷ нафар ба ҳалокат расиданд

Бар асари сӯхтори шадид дар як хобгоҳ воқеъ дар шаҳраки Новоомски вилояти Омски Русия панҷ тан ҷони худро аз даст доданд ва се нафари дигар бо ҷароҳатҳои вазнин дар бемористон бистарӣ шуданд.

Ин сӯхтор рӯзи якшанбе рух додааст ва мақомоти пулиси ин шаҳр гуфтаанд, ки он бар асари истифодаи беэҳтиёти плитаи барқи сар задааст. 

Гуфта мешавад, ки марди сархӯш аз шароб соати панҷи субҳ хостааст барои худ дар плитаи барқи хӯрок пазад ва болои плитаи гарм равған рехтааст. 

Бино панҷошёна буда, мансуб ба омӯзишгоҳи аграрию техникии Омск будааст. Дар хомӯш кардани сӯхтор 13 техника ва 46 корманди идораи сӯхторхомӯшкунӣ ширкат кардаанд. 

Дар натииҷаи сӯхтор ва заҳролуд шудан аз гази карбон хонуми 36-сола, писари 12-сола ва духтари 14-солаи ӯ, ҳамчунин ду зани 44 ва 23-сола ба ҳалокат расидаанд. 

Аз  7 ҷабрдидаи дигар ҳоли 3 нафар вахим гузориш шудааст. 

Дар вақти сӯхтор 147 нафар аз ҷумлаи бошандагони хобгоҳ ба макони дигар интиқол ёфтанд ва дирӯз 120 нафари онҳо ба хонаҳои худ баргаштанд. Интиқоли нерӯи барқ ба бино шуруъ шудааст.

27 нафаре, ки хонаҳояшон сӯхтааст, ба бинои дигари ҳамсоя ҷобаҷо карда шуданд ва барояшон шароити зист фароҳам овардаанд. 

Мақомоти тафтишотӣ аз рӯйи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз кардаанд ва тафтишот шуруъ шудааст.  

Обхезӣ дар Порис ҳамоно идома дорад

Обхезии Порис-пойтахти Фаронса ба авҷи худ мерасад, шиддати он коҳиш наёфтааст. Шаҳрдорӣ ҳамоно зарари расидаро наметавонад ҳисоб кунад.

Хадамоти навбатдорӣ ахиран эълон кард, ки аз аввали ҳафта тоҷирон ва сокинони пойтахт метавонанд аз зарарҳои дидаи худ бар асари ин обхезӣ гузориш пешниҳод кунанд. Мутахассисони хадамоти бима масрафоти худро бар пояи обхезиҳои соли 2016 мехоҳанд пешбинӣ кунанд. Он сол 182 ҳазор эъломияи зарар аз обхезӣ пешниҳод шуда буд ва зарари расида 1,4 миллиард долларро ташкил дода буд. 

Субҳи рӯзи душанбе обхезӣ ба авҷи худ расид. Интизор меравад, ки сатҳи об дар рӯдхонаи Сена ба ҳадди 5,95 метр баландтар аз ординар мерасад. Мутахассисони хадамоти давлатии назорат бар обхезӣ пешбинӣ мекунанд, ки сатҳои оби дарё дар шабонарӯзи оянда боло меравад.

Роҳбари хадамоти ҳифозати зистмуҳитӣ гуфтааст, ки вазъ ба ин зудиҳо ба эътидол намеояд. “Ҳафтае сипарӣ мешавад, то ки зиндагӣ ба маҷрои худ ворид шавад”,- гуфтааст ӯ. 

Обхезии кунунӣ дар пойтахти Фаронса аз соли 1900 то ба имрӯз собиқ надоштааст. Тибқи маълумоти обуҳавосанҷон 31-уми январ боронҳои шадид  Порисро интизоранд ва касе ҳоло наметавонад пешгӯӣ кунад, ки вазъ ба чӣ меанҷомад.

Осорхонаҳои Порис барои ҳифзи экспонатҳои худ чораҳои иловагӣ меандешанд.

Табобати маҷбурии ҷавони бистсолае, ки айвони кӯдакистонҳоро оташ мезад

Сокини Екатеринбургро, ки ба оташзании айвони якчанд кӯдакистони шаҳр муттаҳам мешуд, барои табобати маҷбурӣ фиристоданд. Дар ин бора рӯзи душанбе ба РИА Новости сарвари хадамоти матбуотии Раёсати умури дохилии вилояти Свердлов  Валерий Горелий хабар дод.

Чуноне пештар иттилоъ дода мешуд, як сокини бистсолаи шаҳр аз ноябр то декабри соли 2016 айвонҳои сайругаштии кӯдакистонҳои шаҳри Екатеренбургро оташ мезад. Аз рӯйи ҳодиса бо моддаи ҷиноии “Тахрибкорӣ” парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда буд ва мақомот мегӯянд 21 ҳодисаи шабеҳ ба қайд гирифта шудааст ва ҳамаи онҳо аз ҷониби як нафар иҷро шудааст.

"Имрӯз додраси парванда  Елена Лушникова шаҳрванди 20-сола бо номи Вячеславро, ки худ донишҷӯи омӯзишгоҳ будааст, барои табобати маҷбурӣ фиристод. Вячеслав ба оташ задани айвони 21 кӯдакситоони шаҳр гунаҳгор дониста мешавад.”,- гуфтааст Горелих.

Вай ҳамчунин гуфтааст, ки ин ҷавон баъди боздошт ба гуноҳаш иқрор шуд, вале натавонист шарҳ диҳад, ки сабаби ин хушунат нисбат ба айвони сайругашти кӯдакон чӣ буд.

"Дар ҷараёни тафтишот таҳлили руҳии муттаҳам ба ҷиноят гузаронида шуд ва мутахассисон хулоса карданд, ки номбурда ба ҳолати вайронии руҳӣ гирифтор аст ва ниёз ба табобат дорад”,- шарҳ дод вай.

Омори нави гумшудагон дар пароми уқёнуси Ором эълон шуд

Президенти Кирибатӣ Танети Маамау гуфт, ки кемае, ки дар уқёнуси Ором нопадид шуд, эҳтимолан 100 мусофирро интиқол медод.

Ин паром аз бандари Ноноути 18-уми моҳи декабри соли гузашта ҳаракат карда буд ва мебоист баъди ду рӯз ба пойтахти Кирибати Тараваи Ҷанубӣ мерасид. Пештар хабар дода мешуд, ки ба киштӣ 50 нафар савор буданд. 

Пойгоҳи радиоии Зелландияи Нав Radio New Zealand хабар дод, ки дар ҷаласаи ҳукуматӣ президенти Маамау гуфт, ки ин киштӣ омодаи ҳаракат ва сафари баҳр набуд. Бино ба гуфтаи сарвари ин кишвар ҳукуматдорони ҷазира аз нопадид шудани киштӣ 26-уми декабр хабар ёфтанд. Дар Кирибати ҳафтаи миллии дуо барои гумшудагон эълон шудааст. 

Дар ҷустуҷӯи байналмилалии бенишон гумшудагон нерӯҳои ҳарбии ҳавоии Зелландияи Нав ширкат мекунанд ва ба онҳо ҳавопаймоҳои ИМА ва Автсралия пайвастаанд. 

Рӯзи якшанбе ҳавопаймои Зелландияи Нав қаиқи резиниеро бо 8 мусофири гумшудаи паром пайдо кард.

 

барчасп: