Ифротгароӣ-вабои аср

Масъалаи пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба гурӯҳу созмонҳои ифротгаро яке аз масъалаҳои мубрам мебошад. Идеологияи экстремистӣ, ки ҳоло бо роҳу воситаҳои гуногун фаъол гардидааст, метавонад ҷавононро ба коми худ кашида, кишварро ноором созаду ба ваҳдати миллӣ ва амнияти мамлакати соҳибистиқлоламон таҳдид намояд.

Мафҳуми ифротгароиро ҳамчун истилоҳи сиёсӣ донишмандони зиёд тафсир кардаанд. Аз ҷумла, таърифи маъруфи он чунин аст: «Экстремизм (Extremizm) дар луғат аз калимаи лотинии «экстремус» гирифта шуда, маънояш «охирин, ниҳоӣ, чораҳои қатъӣ» мебошад. Экстремизм ба таври назариявӣ ва амалӣ расидан ба мақсадҳои иҷтимоӣ – сиёсӣ, динӣ ва миллатчигӣ ба воситаи амалҳои мамнӯъ аст. Терроризм бошад, дар илми ҳуқуқшиносӣ ҳамчун шакли ниҳоии экстремизм шарҳ дода мешавад. Он амали ҷинояткоронаи иҷтимоӣ – сиёсӣ мебошад.

Дар суханрониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо масъалаи пешгирӣ ва мубориза бар зидди терроризму экстремизм таъкид шудааст. Дар Паёми имсолаи худ ба Маҷлиси Олӣ низ Сарвари давлат таъкид намуд: «Терроризм ва экстремизми динию мазҳабӣ имрӯз ба як хатари бузурги ҷаҳонӣ табдил ёфта, боиси харобиву куштор ва фирорӣ гардидани одамон шудааст…  Терроризм ва экстремизм, аз як ҷониб, чун вабои аср хатари глобалии ҷиддӣ буда, аз ҷониби дигар, аъмоли он гувоҳ аст, ки террорист ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад, балки як таҳдиде ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҷони ҳар як сокини сайёра аст».

Аз ин лиҳоз, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм» ва «Дар бораи мубориза бар зидди экстремизм (ифротгароӣ)» бояд чун дастурамал ва роҳнамои ҳар як фарди солимфикри ҷомеа қарор дошта бошанд. Аз гуфтаҳои Сарвари давлат бармеояд, ки ҳодисаҳои охири баъзе кишварҳои арабӣ ҳамагонро ба изтироб оварда, метавонад ба сулҳу субот ва амнияти кишвари мо низ хатар дошта бошад.

Чӣ хуб мешуд, агар тамоми шаҳрвандон, аз ободии кишвар, тинҷиву оромӣ, пешрафту тараққиёти Ватан шукр намоянду алайҳи террористу экстремист бетараф набошанд. Хусусан, ҷавонон, ки ояндаи Тоҷикистон дар дасти онҳост, фирефтаи ваъдаҳои бардурӯғи иғвогарон нашаванд. Ватани худро дӯст доранд. Кӯшиш намоянд, ки неруи ақлониашонро барои созандагӣ, ба сӯи эҷодкорӣ, барои ободу зебо гардонидани Ватани азизамон-Тоҷикистон истифода баранд.

Майли ҷавонон ба амалҳои зишт, хоса, рӯ овардан ба ҷараёнҳои террористиву экстремистӣ, масъалаи доғ маҳсуб мешавад ва дар маркази диққати аҳли ҷомеа қарор дорад. Пӯшида нест, ки ҳаракату ҷараёнҳои экстримистӣ, ки фаъолияти онҳо дар мамлакат мамнӯъ эълон шудааст, ҳоло ҳам талош мекунанд ҷавононро, ки табақаи нисбатан камтаҷрибаи ҷомеа мебошанд, ба ҷониби худ кашанд. Дар Тоҷикистон аксари пайравони чунин гурӯҳҳоро ҷавонон ташкил медиҳанд. Савол ба миён меояд, ки чаро тамоюли ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротгаро бештар аст?

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки ба ин равияҳои номатлуб ҷавононе пайравӣ мекунанд, ки натанҳо аз илму фарҳанги дунявӣ, балки аз донишҳои аввалияи динӣ низ тасаввуроте надоранд. Аз ин рӯ, фарзандони мо бояд аз хурдсолӣ рӯ ба дониш оваранд ва дар бораи донишҳои ҳаётан муҳим маълумот дошта бошанд. Донишҳои аввалинро фарзанд аз модар мегирад. Мактаби нахустини инсон-мактаби модар аст. Барои ҳамин, дар навбати аввал зан- модар худаш бояд таҳсилкарда бошад, то ки дар оила таълиму тарбияро дуруст ба роҳ монад ва ба хотири ояндаи неки фарзанди худ, ӯро аз хурдӣ дар рӯҳияи ватандориву ифтихори миллӣ тарбия намояд.

Масъалаи ифротгароӣ диққату эътибори доимиро тақозо дорад. Аз ин рӯ, ҳар як зан-модари бедордили тоҷик бояд ба қадри тинҷиву оромӣ ва сулҳу субот бирасад. Вазифаи ҳамаи мо аз он иборат аст, ки ҷавонони гумроҳро ба роҳи дуруст ҳидоят намоем.

Андешаҳои худро бо ин суханони Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҷамъбаст менамоем, ки соли 2015-ро Соли оила эълон намуда, чунин зикр карданд: «Модар ягона мавҷудест, ки инсон меофарад ва тавре бузургон гуфтаанд, бо як дасти худ гаҳвора ва бо дасти дигараш сайёраро меҷунбонад. Нақши модарону занон дар таҳким ва рушди ҷомеа, бунёди оилаи хушбахт, таълиму тарбияи фарзандон ва афзоиши эътибори хонадон ниҳоят муҳиму арзишманд мебошад».

Саломат Қувватова,
устоди
Донишгоҳи Давлатии
О
мӯзгории Тоҷикистон ба номи
Садриддин Айнӣ

барчасп: