Терроризм вабои аср
Чоп шуд: 25/07/2025 | redaktor
Терроризм, амалҳои террористӣ ва фаъолияти ташкилоти террористӣ дар замони муосир таҳдиди ҷиддӣ ба амнияти миллӣ ва суботи сиёсӣ давлатҳои олам ба шумор меравад. Дар айни замон он яке аз таҳдидҳои пуриқтидор ва омили бесуботкунии ҷомеа маҳсуб меёбад. Дар тӯли солҳои охир бештар шудани шумораи созмонҳои террористӣ, зиёд гардидани амалҳои террористӣ, дар шакли нав зоҳир шудани фаъолияти террористӣ ва аз ҳама муҳим, ба омили бесуботгардонии ҷомеа табдил ёфтан он ба мушоҳида мерасад.