Низомномаи расмии сомона

Низомномаи сомонаи расмии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаи иттилоот ва телекоммуникатсионии интернет.

Замимаи №1

ба фармоиши Раиси Кумита

аз 22 феврали соли 2018 № 34

1.1. Низомномаи мазкур мақом, тартиби ташкилию-техникӣ ва иттилоотии макони сомонаи расмии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаи иттилоотӣ ва телекоммуникатсионӣ муайян мекунад(минбаъд- сомона).

1.2. Сомонаи  Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон манбаи расмии маълумот дар бораи фаъолияти Кумита ва муассисаҳои тобеи он мебошад.

1.3.Маводҳои  иттилоотие, ки  ба сомона  ҷойгир карда мешавад дастраси ҳамагон мебошад.

1.4. Маводҳое, ки  аз ҷониби шаҳрвандон ва субъектҳои тиҷоратӣ қонунан истифода мебаранд, онҳо бояд бо  мақсадҳои ғайритиҷоратӣ  барои минбаъд паҳнкунӣ бо далели ҳатмӣ ба манбаъи иттилоот истифода карда шаванд.

1.5.Сомонаи  Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  барои нашр кардани иттилоот ва  ҷойгиркунии  маводҳо пешбинӣ гардидааст.

II. Мафҳумҳои асосӣ

2.1. Сомона ин нуқтаи ягонаи дастрасӣ ба хидматҳои иттилоотӣ мебошад, ки аз ҷониби КҲФ назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути шабакаи “Интернет маълумотҳоро паҳн менамояд.

2.2. Корманди масъули сомона аз ҷониби Раиси Кумита муайян гашта, барои муҳтавои маълумотҳои ҷойдошта ва роҳ надодан ва пурра аз байн бурдани унсурҳои таърифу худситоишкунӣ, инчунин ҷой надодани хатогиҳо дар мақолаҳо, гузоришҳо, очеркҳо ва маълумотҳои таҳлилӣ мебошад.

2.4. Масъули сомона (минбаъд -Масъул) шахсе, ки бо фармоиши Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ваколатдор шудааст, барои таъмини фаъолият, идоракунӣ ва нигоҳдории сомона.

III. Мақсад ва вазифаҳо

3.1. Мақсади асосии таъсиси сомона ин таъмини татбиқи ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандон барои гирифтани иттилооти боэътимод оид ба фаъолияти Кумита ва хадамотҳои тобеи он мебошад.

3.2. Вазифаҳои асосии Сомона:

- ба ҷомеа пешниҳоди  маълумоти фаврӣ, таҳлилӣ ва боэътимод дар бораи сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти пешгирӣ, эътино ва бартарасозии ҳодисаи табиӣ ва техногенӣ, фаъолияти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва хадамотҳои тобеи он;

- ба низом даровардани табодули афкор байни ҷомеа ва  Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- пешниҳоди иттилооти фаврӣ ва мақсаднок ба аҳолӣ ва ҷомеаи ҷаҳон дар бораи чорабиниҳои муҳими самти  фаъолияти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

IV. Таъминоти бехатарӣ ва ҷой намудани маводҳо дар сомона

Таъминоти бехатарӣ ва ҷой намудани маводҳо дар сомонаи Кумита аз ҷониби корманди масъул таъмин карда мешавад.Ғайр аз ин, корманди масъул ҷавобгар аст ба:

4.1. барои дастрасии  сомонаи Кумита ба шабакаи интернет;

4.2. ҷой намудани аксҳо, наворҳои видеоии сифатнок оид ба фаъолияти Кумита ва кормандони он

4.3. ташкил ва гузаронидани корҳои профилактикии сомона ҷиҳати ҳимояи он аз “ҳуҷумҳои хакерӣ”.

V.  Маълумот оид ба сомонаи Кумита

4.3. Сомонаи расмии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз моҳи сентябри соли 2016 пурра аз нав таҷдид гашта, бо суроғаи: http//www.khf.tj. фаъолият мекунад.