Activities calendar

17 апрели 2018

Баргузории ҷаласаи гурӯҳи коршиносони Платформаи миллӣ

Дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии гурӯҳи доимамалкунандаи таҳлилии Платформаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба коҳиши хатари офатҳои табиӣ баргузор шуд.

Ҷаласа таҳти раисии сардори Раёсати Кумита, масъули котиботи Платформаи миллӣ полковник Ҷамшед Камолов гузашт.