Баргузории ҷаласаи гуруҳи кории Платформаи миллии ҳолатҳои фавқулодда
Чоп шуд: 26/09/2017 | admin
Дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи гуруҳи кории доимамалкунандаи Платформаи миллӣ оид ба коҳиши хатар аз офатҳои табиӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд.
Дар ҷаласа масъалаҳои коҳиши хатари ҳолатҳои фавқулодда дар сектори нақлиёт ва об мавриди баррасӣ қарор гирифт. Дар атрофи ин масъала ширкаткунандагон суханони мушовири байналмилалии Барномаи Рушди СММ У.Келлиро шуниданд.





