Дастаи зудамали наҷот дар Рашт

Аз аввали соли ҷорӣ дастаи зудамали наҷот дар гуруҳи ноҳияҳои Рашт ҷони 4 нафарро аз хатар наҷот додааст.  Дастаи зудамали махсуси наҷот дар минтақаи Рашт 9 – уми июни соли 2015 дар ҳайати 22 нафар ташкил шудааст ва аз рӯзи аввал сарварии онро  майор Ҳ.Шарифов ба уҳда дорад.

Роҳбарияти дастаи зудамали наҷот барои баланд бардоштани маҳорати касбӣ ва ҳолати ҷисмонии наҷотдиҳандагон мунтазам чораҳои амалиро роҳандозӣ мекунад. Чунин як чорабинӣ дар шароити муракаби кўҳӣ ташкил ва гузаронида шуд. Мақсад аз ташкили он обутоби ҷисмонии кормандони наҷот ва омодагии онҳо дар ҳар шароит барои наҷоти ҷони инсонҳо ва иншоот аз ҳар гуна хатар мебошад. 

Ин гуна дарсҳои омӯзишиву амалиётҳои тарҳерезишуда зиёд роҳандозӣ карда мешаванд.

Минтақаи Рашт дар кишвар яке аз минтақаҳои осебпазир дар обхезиву ярчу заминларза ва дигар офатҳои табиист. Ҳамасола бар асари омадани сел даҳҳо хонаҳо вайрону валангор мешаванд, заминҳои кишт хароб мегарданд, одамон бесарпаноҳ мемонанд, молу амволи худро аз даст медиҳанд.

Гузашта аз ин бештари роҳҳо куҳианд ва рафтуомади мошинҳо бахусус дар фасли зимистону аввали баҳор, ки боришот зиёданд, мушкил мешавад.

Ҳамаи ин водор мекунад, ки кормандони наҷот дар минтақа бештар аз пештар эҳсоси масъулият кунанд. Эҳсоси масъулият дар ҳамин машқҳову тамринҳо ҳосил мешавад. Яъне, вақте корманд омӯзиш мебинад, онро дар ҳолати фавқулоддаву офати табиӣ барои наҷоти ҷони инсонҳо ва иншооти кишвар истифода мекунад.

Маҳз ҳамин гуна омӯзишҳо ва роҳандозии дурусти корҳо буданд, ки Дастаи зудамали наҷоти минтақаи Рашт тавонист дар ёздаҳумин мусобиқаи ҷумҳуриявии бисёрҳарбаи наҷотдиҳандагони неруҳои кофтуковию наҷотдиҳӣ дар байни 7 даста сазовори ҷойи дуюм гарданд.

Аз аввали соли равон ба наҷотдиҳандагони даста муяссар шуд, ки ҷони 4 нафарро аз марг наҷот диҳанд.

Ҳамчунин миёни мардум корҳои зиёди таблиғӣ мебаранд ва онҳоро дар фасли тобистон бо қоидаҳои бехатарии оббозӣ ва дар баҳорон бо равишҳои муносибат ҳангоми селу обхезиҳо ва дигар офатҳои табиӣ ошно месозанд.