ДАР ТОҶИКИСТОН ЗАМИНҶУНБӢ БА ҚАЙД ГИРИФТА ШУД

Имрӯз, 28 январи соли 2026, соати 04:32 ба вақти маҳаллӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон заминларза ба қайд гирифта шуд.

Тибқи иттилои Хадамоти геофизикии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон маркази заминларза дар масофаи 488 км шарқу шимоли шаҳри Душанбе ва 39 км шимолу ғарби ноҳияи Мурғоб қарор дошт. Қувваи заминларза дар марказ 3–4 баллро ташкил дода, дар Мурғоб 3 балл ва дар Душанбе заминларза эҳсос нашуд.

 

КҲФ: Ташрифи гурӯҳи муштараки СААД ба Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда

27 январи соли 2026 гурӯҳи муштараки Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ (СААД) дар доираи шиносоӣ бо раванди таъсис додани Маркази башардӯстонаи аксуламали кишварҳои аъзои СААД дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварданд.

 Чорабиниро муовини раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ, генерал-майор Иброҳимзода Имомалӣ ифтитоҳ намуда, зимни суханронӣ аз аҳамияти таҳкими ҳамкории минтақавӣ дар самти пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулодда таъкид намуданд.

КҲФ: Огоҳӣ дар бораи хавфи тарма

Рӯзҳои 27 то 29 январи соли ҷорӣ, бинобар сабаби боришоти атмосферӣ ва шиддатёбии боришот, махсусан санаи 28 январ ва шаби 29 январ, дар минтақаҳои алоҳидаи ҷумҳурӣ хавфи бештари зуҳуроти тарма пешгӯӣ мешавад.

Хавфи бештари тарма дар минтақаҳои зерин эҳтимол дорад:

  • шоҳроҳи нақлиётгарди Душанбе – Чаноқ (километрҳои 48–74);
  • минтақаҳои тармафарои Майхура ва Зидеҳ-и ноҳияи Варзоб;

КҲФ: иштироки ҳайати кумита дар ҷаласаи 10-уми вазирон дар Ҷумҳурии Исломии Покистон

Дар Исломобод, ҷаласаи 10-уми вазирон оид ба паст кардани хатари офатҳои табиӣ баргузор гардид. Дар кори ҷаласа муовини раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-майор Исозода Сулаймон ва муовини сардори раёсати байналмилалии кумита полковник Шерзода Ҷура иштирок намуданд.

КҲФ-ХАТЛОН: ПЕШГИРИИ ЗАҲРОЛУДШАВӢ АЗ ДУДИ АНГИШТ

Вобаста ба пешгирии ҳолатҳои фавқулода ва заҳролудшавӣ аз дуди ангишт дар шаҳри Бохтар бо аҳолии маҳаллаи Сарчашма корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуд. 

  Аз ҷониби гурӯҳи корӣ маълумот оиди тарзи дуруст истифодабарии ангишт сангро дар печҳои бухорӣ ва пешгирӣ аз заҳролудшавӣ бо аҳолии маҳал дар кӯчаю хонаҳо бо иштироки намояндагон аз Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Хатлон, сардори бахши Раёсат дар шаҳри Бохтар, раиси Кумитаи маҳаллаи Сарчашма ва намоянда аз маркази саломатии маҳаллаи мазкур роҳандозӣ гардид.

Страницы