Имдодгарон ҷасади як шахси номаълумро аз рӯди Душанбе берун оварданд

Дирӯз, 30 марти соли 2022, соати 17:09 дақиқа ба қисми навбатдории Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар расид, ки дар ноҳияи Фирдавсӣ, пеш аз пули мошигузари собиқ бозори Султони Кабир, дар дохили рӯди “Душанбе” ҷасади нафаре намоён аст.

Баъди гирифтани хабар дастаи махсуси зудамали наҷоти...

ХОКБОД чист?

Хокбод — шамоли сахтест, ки миллионҳо тонна чангро ба масофаи якчанд ҳазор км интиқол медиҳад.

Одатан дар фасли гарми сол дар биёбонҳо, нимбиёбонҳо ва чӯлҳои кушод ҳангоми аз ҳад зиёд хушк шудани хок дар шароити кам будан ё тамоман набудани рустаниҳо ба вуҷуд меояд. Дар ИМА, Чин, Миср, кишварҳои пасошӯравӣ (дар Украинаи Ҷанубӣ, Кавкази Шимолӣ, дар...

Ҳушдори Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда аз хокбод ва хатари тармаву сел

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон истинодан ба идораи ҳавошиносии кишвар хабар медиҳад, ки рӯзи 30-уми март дар ноҳияҳои ҷанубии вилояти Хатлон хокбод боқӣ мемонад.

Дар навоҳии кӯҳии тобеъи ҷумҳурӣ ва вилояти Суғд эҳтимоли лағзиши тарма вуҷуд дорад. Дар маҳалҳои ҷудогонаи роҳҳои кӯҳии ноҳияҳои тобеъи марказ ва вилояти Хатлон хатари омадани сел, резиши санг зиёд аст.

Раиси КҲФ аз манотиқи осебдидаи ВМКБ дидан намуд

манотиқи осебдидаи ВМКБ

Дар доираи сафари корӣ ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковник Рустам Назарзода ҳамроҳ бо бо Котиби Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Насрулло Маҳмудзода ва Раиси ВМКБ Алишери Мирзонабот дар нохияхои Рошткалъа ва Шуғнон, инчунин дехаи Умараки Дарвози ВМКБ...

Сел дар ноҳияи Дарвоз ба манзилҳои истиқоматии сокинон осеб расонд. 15 хоҷагии зери хатари эҳтимолӣ бояд кӯчонида шаванд

27 марти соли 2022 боронҳои шадид ва гарм шудани дамои ҳаво боиси боло рафтани сатҳи об дар рӯдхонаҳо ва ҳаракати хоку гил шуд, ки бар асари он дар километри 352 роҳи мошингарди Ш.Шоҳин – Дарвоз, ки аз қаламрави деҳаи Умараки ноҳияи Дарвоз убур мекунад, роҳ баста гардид.

Барои анҷом додани корҳо ҷиҳати рафъи оқибатҳои офати табиӣ техникаи махсуси Вазорати нақлиёт...

Страницы