Тозаахбори ин соат: Кулли роҳҳо бозанд, вале хавфи лағзиши тарма вуҷуд дорад

Дирӯз аз боз шудани кулли роҳҳои баста дар қаламрави кишвар хабар дода будем. Гуфта будем, ки тарма дар чандин манотиқ ҳаракати мошинҳоро ба мушкил рӯ ба рӯ кард ва дар баъзе аз минтақаҳо ҳаракати мошинҳо муваққатан боз дошта шуданд. Баъди нимирӯзӣ хабари боз шудани роҳи Душанбе-Чаноқ низ расонаӣ шуд. Фаврӣ: IRS хабар дод, ки роҳи Душанбе-Чаноқ боз шуд.

Семинар барои сармуҳандисони Муассисаи “Идораи хоҷагии роҳҳои автомобилгард”-и Бохтар

Дар асоси Нақша чорабиниҳои Муассисаи давлатии нигоҳдории “Идораи хоҷагии роҳҳои автомобилгард”-и минтақаи Бохтар дар ҳамкорӣ бо Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон  бо 25 нафар сармуҳандисони муассисаҳои мазкур дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Бохтар семинар гузаронида шуд.

Фаврӣ: IRS хабар дод, ки роҳи Душанбе-Чаноқ боз шуд

Роҳи Душанбе-Чаноқ, ки шаби гузашта бар асари лағзиши тармаву барфи баланд баста буд, чанд лаҳза пеш дубора боз шуд. Ширкати IRS дар сомонаи худ хабар дод, ки  чанд “дақиқа пеш, баъд аз бартараф намудани тармаҳо, тоза кардани роҳ аз барф ва коркарди он бо маводи зиддилағжиш ҳаракати воситаҳои нақлиёт аз самти Хуҷанд ба Душанбе оғоз гардид.Кормандони филиали Ширкат ҷаҳд доранд, то дар давоми рӯз...

Мулоқот бо сокинон дар Чоруқдаррон

Кормандони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании вилояти Суғд дар шаҳри Гулистон дар маҷлисгоҳи ҷашаҳраки Чоруқдаррон мулоқот бо ҳайати роҳбарикунанда ва сокинони шаҳрак доир ба мавзӯи «Пешгирии ҳолатҳои фавқулода ва паст кардани хавфи офатҳои табиӣ» баргузор намуданд.

Сардори бахши Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва...

Мулоқоти муфид дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда

24 феврали соли 2021 дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси КҲФ генерал-лейтенант Рустам Назарзода бо ҳайати Ташкилоти Оғохон оид ба рушд (AKDN) мулоқот кард. Дар ҷараёни мулоқот роҳбари дастгоҳи AKDN ҷаноби Руслан Бобов ва директори иҷроияи Фонди Тоҷикистонии Оғохон ҷаноби Кишвар Абдулалишоев...

Страницы