COVID-19: Чин ба мутахассисони Созмони ҷаҳонии тандурустӣ, ки мехоҳанд решаи хуруҷи коронавирусро дар Вуҳони ин кишвар биҷӯянд, иҷозаи вуруд намедиҳад

Субҳи имрӯз Созмони ҷаҳонии тандурустӣ шумори гирфторон ба коронавирус дар оламро  87 миллиону  643 ҳазору 563 нафар эълон кард. Аз ин беморӣ то кунун 1 миллиону 891 ҳазору 700 нафар ҷон бохтаанд. Шабонарӯзи гузашта 285 225 сироятшудаи нав ба қайд гирифта шуд ва шумории фавтидагон 6 482 нафар афзуд. 63 миллиону 132 ҳазору 543 нафар пурра муолиҷа шудаанд.

Сӯхтор дар Ашт. Соҳиби хона, пирамарди 76-сола ба ҳалокат расид

Сӯхтори кушанда як поси шаб хонаи як сокини 74-солаи ҷамоати Ориёнои ноҳияи Аштро ба коми худ кашид. Замоне буд, ки бошандагони хона дар хоб буданд. Алангаи оташ дар як лаҳза шаби торику сарди зимистонро рушан кард ва садои сӯхтани чӯбу тахтаҳо ҳамсоягонро аз хоб бедор намуд.

Ба ҷои ҳодиса, Хадамоти оташнишонии ноҳияи Ашт...

Садамаи маргбор дар роҳи Душанбе-Чаноқ. Мошин ба ҷарии 300 метр сарозер шуд. Ронанда ба ҳалокат расид

Ин садама рӯзи 5-уми январи соли равон, тақрибан соати 12:10 дақиқа, дар км 146-уми шоҳроҳи Душанбе – Хуҷанд – Чаноқ, дар қаламрави рустои Хушекати ноҳияи Айнӣ рух дод. Як мошини боркаши тамғаи “Дулон”, ки аз ҷониби ронандаи 53 – сола, сокини ноҳияи Шаҳристон идора мешуд, ба ҷарии тақрибан 300 метр сарозер шуд.

Бино ба гузориш сабаби ин садама он буд, ки ронанда аз...

COVID-19: Беш аз 600 рӯзноманигор аз 59 кишвари олам аз коронавирус ҷон бохтанд. Чин ба таҳлилгарони илмии СҶТ иҷозаи вуруд намедиҳад. 98,1% сироятшудагон дар Тоҷикистон шифо ёфтаанд

Шумори гирифторон ба коронавирус дар олам ба 86 миллиону 866 ҳазору 615 нафар расидааст. Шабонарӯзи гузашта 258 663 сироятшудаи нав ба қайд гирифта шудааст. Аз ин беморӣ то кунун 1 миллиону 876 ҳазору 726 нафар фавтиданд. Шумори муолиҷашудагон 61 миллиону 594 ҳазору 041 нафар эълон шудааст.

Бино ба иттилои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии...

Машҳуртарин барандаи барномаҳои телевизионии Амрико гирифтори коронавирус шуд

Барандаи машҳури барномаҳои телевизионӣ Ларри Кинг гирифтори коронавирус шуд ва ҳоло дар бемористон муолиҷа мешавад. Ин журналисти маъруфи амрикоӣ ва яке аз шинохтатарин барандагони барномаҳои телевизионӣ ҳоло 87 сол дорад ва гуфта мешавад, ки дар маркази тибии  Седарс-Синай воқеъ дар Лос-Анджелес бистарист. Бино ба навиштаи расонаҳои амрикоӣ Кинг ҳоли хуб надорад ва ҳатто аёдати вай барои...

Страницы