Тамринҳои мудофиаи гражданӣ дар шаҳри Норак

Дар асоси Нақшаи чорабиниҳои асосии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои мудофиаи гражданӣ, эътино, пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда барои соли 2021 рӯзҳои 16–18 ноябри соли 2021 дар шаҳри Нораки вилояти Хатлон машқи мукаммали мудофиаи гражданӣ дар мавзӯи “Амали ҳайати роҳбарикунандаи мудофиаи гражданӣ ҳангоми гузаштан аз давраи осоишта ба замони ҷанг” ташкил ва гузаронида  шуд.

Бо фармоиши Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 ноябри соли 2021, “Дар бораи ташкил ва гузаронидани машқи мукаммали мудофиаи гражданӣ дар шаҳри Норак” гурўҳи корӣ аз ҳисоби афсарони Кумита ва дар асоси фармоиши сардори Раёсат-муовини аввали сардори мудофиаи граждании вилояти Хатлон аз 12 ноябри соли 2021, ёрдамчиёни роҳбари машқ ва миёнаравон дар машқ аз ҳисоби афсарони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳуку мати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон таъсис дода шуданд.

Аз ҷониби гурўҳи корӣ вобаста ба гузаронидани машқи мукаммали мудофиаи гражданӣ дар шаҳри Норак ҳуҷҷатҳои машқ таҳия ва тасдиқ карда шуданд.

Машқи мукаммали мудофиаи гражданӣ бо иштироки ҳайати роҳбарикунанда, раисон ва аъзоёни комиссияҳои мудофиаи гражданӣ, сардорони мудофиаи граждании хадамотҳо, иншоотҳои муҳими иқтисодӣ, раисони ҷамоатҳои деҳот ва қувва ва воситаҳои мудофиаи граждании шаҳри Норак дар се марҳила ташкил ва гузаронида шуд.

17 ноябри соли ҷорӣ дар машқ интиқоли аҳолии деҳаи Тутқавули Ҷамоати деҳоти Пули Сангин ва омӯзгорону хонандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №4 аз минтақаи хавфнок ба ҷойи бе хавф бо истифода аз нақлиётҳои мусофиркаш гузаронида шуд. 

Дар машқи мукаммали мудофиаи гражданӣ рузҳои 16-18 ноябри соли 2021 дар шаҳри Норак 567 нафар коргарон, хизматчиён, ҳайати роҳбарикунандаи мудофиаи гражданӣ, аҳолӣ ва 37 адад техникаву механизмҳои махсус ҷалб гардиданд.

М. Муйдинов