Covid-19: Шумори гирифторон дар олам ба 54 миллион наздик мешавад. Дар Тоҷикистон 11 496 нафар мубталои ин беморӣ шудаанд

Бино ба маълумоти Созмони ҷаҳонии тандурустӣ шумори гирифторон ба Covid-19 дар олам ба 53 миллиону 768 ҳазору 560 нафар расидааст. Шабонарӯзи гузашта боз 180 ҳазору 656 нафар сироят шудаанд. Бар асари ин беморӣ шабонарӯзи гузашта дар олам 2 949 нафар ва аз аввали пандемия 1 миллиону 309 ҳазору 752 нафар аз ин беморӣ ҷон бохтаанд. Ин манбаъ гуфтааст, ки то кунун 37 миллиону 535 ҳазору 719 нафар

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ҳушдор медиҳад: Аз борону барфи тар эҳтиёт кунед!

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо такя ба маълумоти Агентии обуҳавошиносии кишвар хабар медиҳад, ки 14 ноябри соли 2020 дар ҷумҳурӣ ҳаво номусоид боқӣ хоҳад монд. Дар водиҳо рӯзона боридани бороне, ки метавонад ба барфи тар гузарад ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ боридани барфи шадид пешбинӣ шудааст.

Ифтихорномаҳо ба касоне, ки як писарбачаи 17-соларо аз худкушӣ наҷот дода буданд

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми ҳамоҳангсоз дар самти пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулоддаи табиӣ ва техногенӣ мебошад. Кормандони КҲФ ҳамарӯза бо мақсади самаранок иҷро намудани вазифаҳои дар наздашон гузошташуда ва наҷоти ҷони инсонҳо бо тамоми вазорату идораҳо ҳамкорӣ мекунанд.

Covid-19: Чин парвози ҳавопаймоҳои худ ба Москавро боздошт. Тедрос Аданом Гебреисус гуфт: “Эҳтимолан мо хаста шудем, вале КОВИД-19 аз мо хаста нашудааст”

13 ноябри соли 2020 дар олам 53 миллиону 091 ҳазору 981 нафар чун гирифтор ба  Covid-19 сабт шудааст. Аз ин беморӣ то кунун 1 миллиону 299 ҳазору 407 нафар фавтидаанд. Дар шабонарӯз дар олам 141 ҳазору 596 нафар сироятшудаи нав ба қайд гирифта шуда, 2 854 нафар фавтидаанд. Шумори муолиҷашудагон 37 миллиону 212 ҳазору 856 нафар эълон шуда ва гуфта мешавад, ки 95 ҳазору 735 нафар дар ҳоли вазнин қарор

Озмуни ҷумҳуриявии наққошии кӯдакон ҷамъбаст шуд (ВИДЕО)

Озмуни ҷумҳуриявии телевизионии рассомии кӯдакон таҳти унвони "Мо ҷонибдори ҳаёти бехатар дар рӯи Замин ҳастем», ки бо ташаббуси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода баргузор шуда буд, ҷамъбаст гардид. Озмун дар доираи "Рӯзи байналмилалии коҳиши хатари офатҳои табиӣ" дар ҳамкорӣ бо телевизиони кӯдакон ва наврасони "Баҳористон", бо дастгирии молиявии Барномаи Рушди СММ ва Агентии Швейтсария оид ба...

Страницы