COVID-19: Беш аз 65,5 миллион сироятшуда дар олам. Як корхонаи тавлиди воксани Русия дар Қазоқистон сохта мешавад. Аввалин сирояти гурба дар Шветсария сабт шуд

Субҳи имрӯз, 4 декабр Созмони ҷаҳонии тандурустӣ шумори мубталоён ба коронавирус дар ҷаҳонро  65 миллиону 536 ҳазору 642 нафар ва ҷонбохтагонро 1 миллиону 511 ҳазору 927 нафар эълон кард. Аз ин беморӣ  то кунун 45 миллиону 377 ҳазору 278 нафар пурра муолиҷа шудаанд. Дар айни замон 106 ҳазору 650 нафар дар беморхонаҳо дар ҳолати вазнин қарор доранд.

Дар Тоҷикистон шабонарӯзи гузашта фавти одамон бар асари коронавирус ба қайд гирифта нашуд ва шумори ҷонбохтагон ҳамон 87 нафар аст. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии кишвар дирӯз аз ошкор шудани боз 39 сироятшудаи нав хабар дод ва теъдоди мубталоён ба 12 308 нафар расидааст. 11 718 нафар муолиҷа шудаанд.  

Беш аз  45% ҳодисаҳои сироят зарфи 24 соати гузашта дар кишварҳои Амрикои Шимолӣ ва Ҷанубӣ (269 350) ба қайд гиифта шуда, дар ҷойи дуюм минтақаи Аврупо (225 667) ва сеюм қисмати Осиёи Ҷанубу Шарқӣ қарор доранд.

Шумори фавтидагон аз коронавирус дар ИМА ба 282 829 нафар расидааст. Дар Бразилия аз ин беморӣ 175 307 нафар, дар Ҳинд 139 227, дар Мексика 108 173, Британияи Кабир 60 113, Италия 58 038, Фаронса 54 140, Эрон 49 348 ва Испания 46 038 ҷон бохтаанд. Русия низ бо 41 607 фавтида дар даҳгонаи давлатҳое ҷой гирифтааст, ки бештар талафоти коронавӣ доранд. 

Дабири кулли СММ кишварҳо ба иҷро накардани тавсияҳои Созмони ҷаҳонии тандурустӣ гунарҳгор аст.  Антониу Гутерриш ҳушдор дод, ки вақте “ҳар кишвар ба самти худ ҳаракат мекунад, вирус низ дар ҳама самтҳо фаъол мешавад”.

Ҳукуматдорони Британияи Кабир талаботи риояи 14 рӯз карантинро барои бозаргонон ва баъзе варзишкорон, аъзои дастаҳои наворбардорӣ ва журналистоне, ки аз хориҷ вориди ин кишвар мешаванд, лағв мекунанд. 

Вазорати тандурустии Канада воксан аз коронавирусро зарфи 7-10 рӯзи оянда тасдиқ мекунад. Аввалин воксане, ки шаҳодатномаи Канадаро дарёфт мекунад, ба эҳтимоли зиёд воксани ширкати дорусозии амрикоии Pfizer ва шарики олмонии он BioNTec хоҳад буд. Ин вазорат ҳамчунин дархости истифодаи воксани ширкатҳои Moderna, AstraZeneca ва Johnson & Johnson-ро низ баррасӣ хоҳад кард.

Сарвазири Фаронса Жан Кастекс изҳор дошт, ки истифодаи воксан аз коронавирус дар ин кишвар ройгон хоҳад буд. Вай гуфт, ки аввал солмандони хонаҳои пиронсолон эм карда мешаванд, ҳамчунин кормандони тиббе, ки ба гурӯҳи хатар дохиланд. Дар маҷмӯъ дар наздиктарин дар наздиктарин фурсат дар Фаронса 100 миллион сокинон эм карда хоҳанд шуд.

 Дар Италия аз 21 декабр то 6 январ ҳама гуна рафтуомад миёни вилоятҳо манъ мешавад. Танҳо сафарҳои корӣ, тиббӣ ва ҳолатҳои фаврӣ истисноянд.  

 Рӯзи панҷшанбе Испания низ эълон кард, ки рафтумомад миёни минтақаҳо дар рӯзҳои солинавӣ манъ хоҳад шуд.  

Шветсария аз аввалин ҳодисаи сирояти гурба ба коронавирус хабар дод.

Шумори сироятшудагон дар Эрон дар шабонарӯзи гузашта 13 922 нафар эълон шуд. То кунун теъдоди гирифтонро ба КОВИД-19 дар ин кишвар аз 1 миллион гузашт. Дар 150 шаҳри  ин кишвар, аз ҷумла дар Теҳрон аз 21 ноябр ба муддати ду ҳафта аз соати 21:00 то 04:00 қуюди шабгардӣ эълон шудааст. Танҳои мағозаҳои хӯрокворӣ, дорухонаҳо ва бемористонҳо кор мекунанд.

Марказҳои дорусозии Русия дар айни замон ҳудудан 10 намуди воксанро таҳия мекунанд. Дар ин бора сарвари  Роспотребнадзор Анна Попова хабар дод.

Дар Русия бори аввал аз замони ҳамагирӣ шумори рекордии мубталоён дар як шабонарӯз (28 145 нафар) ба қайд гирифта шуд. То кунун дар ин кишвар 2 миллиону 375 ҳазору 546 нафар чун сироятшуда ба  COVID-19 сабт шудаанд.   

Қазоқистон  аз сирояти 133 887 хабар дод ва бино ба иттилои мақомот шабонарӯзи гузашта боз 769 мубталои нав сабт шудаанд. 13 827 муолиҷа мешаванд, ки  904 нафари онҳо кӯдакон мебошанд. Аз миёнаҳои моҳи октябр шумори гирифторон дар Қазоқистон рӯ ба коҳиш овардааст.  

Дар шабонарӯзи гузашта шумори сироятшудагони нав дар Қирғизистон 420 нафар эълон шуд, ки бештари онҳо дар пойтахт ва вилояти Чуй ба қайд гирифта шуданд.

Аз оғози ҳамагирӣ дар Ӯзбекистон 73 431 нафар ба КОВИД-19 сироят шудаанд. Зарфи 24 с оати гузашта дар ин кишвар боз 155 нафар чун мубталои нав сабт шуда. 2108 нафар дар беморхонаҳо табобат мегиранд. Дар миёни минтақаҳо аз оғоз то ба имрӯз дар  шаҳри Тошканд 42 543, вилояти Тошканд 14 815, вилояти Намангон 2580, вилояти Самарқанд 2445 нафар чун сироятшуда ба КОВИД-19 ба қайд гирифта шудаанд.