Як саҳифаи таърих: Заминларзаи зериобии уқёнуси Ҳинд, ки то 300 ҳазор нафарро кушт (ВИДЕО)
Чоп шуд: 25/12/2019 | adminЗилзилаи бузурги Индонезия рӯзи 26-уми декабри соли 2004 9/1 балл аз рӯйи ҷадвали Рихтер дар умқи 30 километри замин ва дар фосилаи 160 километрии шимолу ғарби соҳилҳои Суматраи Индонезия даруни уқёнуси Ҳинд рух дод. Ин заминларза сеюмин зилзилаи қудратманди сабтшудаи таърих ва тӯлонитарин заминларза ном гирифт, ки ба муддати даҳ дақиқа минтақаҳои атрофро ба ларза даровард.