Як саҳифаи таърих: Заминларзаи зериобии уқёнуси Ҳинд, ки то 300 ҳазор нафарро кушт (ВИДЕО)

Зилзилаи бузурги Индонезия рӯзи 26-уми декабри соли 2004 9/1 балл аз рӯйи ҷадвали Рихтер дар умқи 30 километри замин ва дар фосилаи 160 километрии шимолу ғарби соҳилҳои Суматраи Индонезия даруни уқёнуси Ҳинд рух дод. Ин заминларза сеюмин зилзилаи қудратманди сабтшудаи таърих ва тӯлонитарин заминларза ном гирифт, ки ба муддати даҳ дақиқа минтақаҳои атрофро ба ларза даровард. Дар ин заминларза аз 225 т о 300 ҳазор нафар кушта шуданд. Рақами дақиқи ҳалокшудагон вуҷуд надорад, зеро бисёре аз онҳоро об ба қаъри худ кашид ва дигар боло наомаданд.

Дар натиҷаи заминларза дар уқёнус об мавҷ зад, баландии он дар обҳои озод ба 8 метр ва дар соҳилҳо ба 15 метр, аммо дар минтақаҳои дигар то ба 30 метрро ташкил дод. Суръати мавҷ дар обҳои озод 720 километр дар як соат буд ва баъдан то расидан ба соҳил ин суръат то ба 36 км/соат коҳиш ёфт.Баъди 15 дақиқа об соҳилҳои Суматраро шуст. Баъди 1,5 соат ба соҳилҳои Таиланд расид, ду соат пас Шри-Ланка ва Ҳиндро фаро гирифт.

Зарфи 8 соати оянда уқёнуси Ҳиндро гузашт ва дар як шабонарӯзи дигар бори аввал дар таърихи башар ин обларза кулли уқёнуси Оламро фаро гирифт. Ҳатто дар соҳилҳои уқёнуси Ором дар Мексика баландии мавҷи пурхрӯши об ба 2,5 метр расид.  

Аз соли 1900 то 2004 заминларзаи зериобии Чилӣ, ки дар соли 1964 иттифоқ уфтод, пурқудраттарин ҳисобида мешуд. Соли 1952 низ ин гуна як такони шадиди замин дар соҳилҳои Камчатка низ рух дода буд. Ҳамаи ин заминларзаҳо бо сунами ҳамроҳ буданд, вале теъдоди қурбониёнашон камтар буд. 

Маънои сунамӣ чист?

Ин истилоҳ дар замбони тоҷикӣ баробарие надорад, чун мо на баҳр дорему на наздик ба кадом уқёнусе ҳастем ва худи рӯйдод бароямон бегона аст.

Сунамиро гоҳо обларза тарҷума кардаанд, яъне ларзиши шадид дар об ба мисли заминларза. Аммо истилоҳи дар кулли забонҳо пазируфташуда ҳамин сунами (анг.  Tsunami) аст. Азбаски бисёре аз сунамиҳо дар соҳилҳои Ҷопон рух медиҳанд, истилоҳ низ аз ҷопонӣ ба инглисӣ ва аз он ба ҳамаи забонҳо роҳ ёфтааст. 

Сунами худ яке аз балоҳои табиӣ аст, ки ба ларзиши шадиди оби дарёву уқёнусу кӯлу баҳрҳо гуфта мешавад, ик дар пайи заминларзаҳои зериобӣ падид меояд. Обе, ки ба ларза даромада ба шакли мавҷҳои азим ба соҳилҳо расида, вайронӣ меорад. 

Он замоне шуруъ мешавад, ки  ҳаҷми азиме аз об ба суръат  ба авҷ мерасад. Ин ҳаракати сареъ метавонад дар натиҷаи як зилзилаи зериобӣ рух диҳад ё бар асари лағзиши куҳпора ба амал ояд.