ПАЖӮҲИШ: Дараҷаи ҳарорати дунё дар моҳи июли имсол аз солҳои гузашта бештар буд
Чоп шуд: 09/08/2019 | redaktorМоҳи июл аз гармтарин моҳи соли ҷорӣ буд ва ба ин шаке нест. Ҳамвора аз расонаҳои хабарӣ дар бораи ин гармои шадид дар кишвар хабару матолиб мутолиа мекардем, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда пайваста ҳушдор медод, ки гармо метавонад фоҷеа низ дар канор дошта бошад. Зеро об шудани барфи кӯҳҳо ва пиряхҳо метавонад сабабгори болоравии сатҳи оби рӯдхонаҳо гардад.
Аммо ин гармо ҷаҳонӣ буд. Дар сар то сари олам дар бораи беш аз ҳадди инстизор гарм шудани ҳавои июл гузоришҳо мерасиданд.